Президенти ИМА Доналд Трамп то охири моҳи май бо раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун мулоқот хоҳад кард. Дар ин бора шоми панҷшанбе раиси идораи амнияти Кореяи Ҷанубӣ хабар дод. Ӯ ба Вашингтон омад, то паёми пешвои Кореяи Шимолиро шахсан ба президенти ИМА расонад. Ким Чен Ун дар паёмаш ба Трамп арзёбии барномаи ҳастаии Пхенянро пешниҳод кардааст. Ба қавли мақомдори амниятии Кореяи Ҷанубӣ, Ким тарафдори халъи силоҳи ҳастаӣ аст.
Мақомоти амрикоӣ бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки Трамп ба мулоқот ризоят дод, зеро Ким ягона мақоми ҳалкунанда дар Коеряи Шимолӣ аст ва президент Трамп низ дар мавридҳои печида роҳҳалҳои созанда пайдо мекунад.
Ин аввалин мулоқоти раҳбарони ИМА ва Кореяи Шимолӣ хоҳад буд, ки дар пасманзари амиқрафти бунбасти ҳастаӣ доир мешавад. Дар давоми соли гузашта ду раҳбар борҳо бо лаҳни шадид сӯҳбат кардаанд. Ким таҳдид карда буд, ки минтақаи Гуами ИМА-ро мушакборон мекунад. Дар ҷавоб Трамп ҳушдор дод, ки Амрико ба Пхенян бо "оташу ғазаб" посух хоҳад дод. Баъдан мисли солҳои гузашта Кореяи Шимолӣ ақиб нишаст, вале сарфи назар аз фишори байналмилалӣ аз барномаҳои ҳастияш даст накашид.