Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аввалин бор дар Паралимпиадаи зимистона иштирок мекунад


Дар Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ, ки имрӯз, 9-уми март, дар шаҳри Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ оғоз меёбад, аз рӯи шумораи ширкаткунадагони мусобиқот рекорди нав гузошта мешавад. Дар ин бора президенти Кумитаи байналмилалии паралимпӣ (КБП) Эндрю Парсонс пеш аз оғози Бозиҳо дар брифинги матбуотӣ изҳор намудааст.

"Бозиҳои паралимпии соли 2018, ки аз 9-ум то 18-уми март дар Пхёнчхан барпо мегардад, рекордӣ мешавад, дар онҳо 567 варзишгар аз 49 кишвар ширкат меварзад, аз он ҷумла Гурҷистон, Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ барои аввалин бор дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ иштирок мекунанд. Албатта, иштироки ду лижарон аз Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея фавқулодда муҳим аст, ин таҳрики сахти сулҳ тавассути варзиш мебошад", - иброз дошт Парсонс.

Рекорди пешин аз рӯи шумораи ширкаткунандагони Паралимпиадаи зимистона ба Наганои Ҷопон мутааллиқ аст. Соли 1998 дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ 562 варзишгари маълул ширкат дошт. Ба иттилои Сафар Боев, раиси Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон, дар Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ дар Пхёнчхан танҳо як варзишгари тоҷик - Сиёвуш Илёсов – ширкат меварзад.

“Сиёвуш Асророви 28-сола, ки варзишгари нобиност, дар Паралимпиадаи зимистона дар Пхёнчхан дар пойгаи лижаронӣ ба масофаи 10 километр иштирок мекунад. Ӯ, ки дар урдугоҳи лижаронии Сафеддараи ноҳияи Варзоби Тоҷикистон, инчунин дар Олмону Эрон тамрин кардааст, охири моҳи феврал дар мусобиқоти интихобӣ оид ба лижаронӣ дар Олмон меъёрҳои заруриро иҷро намуда, ба Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ роҳхат гирифтааст. Зимнан, ӯ аввалин варзишгари маълул аз Тоҷикистон аст, ки дар Бозиҳои паралимпии зимистона ширкат меварзад”, - гуфт дар суҳбат бо Радиои Озодӣ Сафар Боев.

Сиёвуш Илёсов омӯзгори мактаб–интернати ҷумҳуриявии бачагони нобинои шаҳри Ҳисор мебошад. Зимнан, базми хонадоршавии ӯ 27-уми июни соли 2013 бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҷлил шуда буд. Сиёвушу ҳамсараш Фирӯза Валиева, ки ҳарду маълуланд, аз ҷумлаи 64 ҷуфт аз оилаҳои камбизоат буданд, ки маросими хонадоршавии онҳо ба муносибати таҷлил аз 16-умин солгарди имзои созишномаи сулҳ дар маҷмааи «Душанбе-Плаза» бо ибтикори шаҳрдорӣ барпо гардид.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули панҷ нафар - президенти Кумитаи миллии паралимпӣ Сафар Боев, варзишгар Сиёвуш Илёсов, мураббӣ Илҳомиддин Абдуллоев, раҳбари даста Абдурауф Алимов ва ноиби президенти Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон Зиннатулло Саидов – дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ, ки имрӯз, 9-уми март, дар Варзишгоҳи олимпии Пхёнчхан барпо мегардад, иштирок мекунад.

“Маблағи хароҷот барои ширкати аъзои ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ дар Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ комилан аз ҳисоби Кумитаи байналмилалии паралимпӣ пардохт шудааст. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҳайати моро бо либоси варзишӣ таъмин намудааст”, - гуфт Сафар Боев.

Дар Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ варзишгарон барои 80 маҷмуи медалҳо дар шаш ришта - биатлон, кёрлинг, лижаронии кӯҳӣ, пойгаи лижаронӣ, пара-сноуборд ва слеҷ-ҳоккей – рақобат мекунанд.

Дар Паралимпиадаи зимистонаи соли 2018 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳама ҳайати сернуфузтарин мебошад, ки минҷумла аз 68 варзишгар иборат аст. Ба ҳайати мунтахаби Канада 52 варзишгар, Ҷопон - 38 варзишгар, Кореяи Ҷанубӣ - 36 варзишгар, Норвегия – 32 варзишгар дохиланд. Варзишгарони дастаҳои мунтахаби Канада, Кореяи Ҷанубӣ, Норвегия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз рӯи ҳамаи шаш намуди варзиш, ки ба барномаи Паралимпиадаи зимистона дохил аст, рақобат мекунанд.

Кумитаи байналмилалии паралимпӣ 29-уми январи имсол муҳлати хориҷ намудани Кумитаи паралимпии Русияро ба иллати истифодаи маводи нерӯафзои барои варзишгарон мамнуъ дар Бозиҳо дар Сочи тамдид кард. Бинобар ин, ҳудуди 30 варзишгар аз Русия дар Бозиҳои паралимпӣ дар Пхёнчхан дар ҳайати “варзишгарони паралимпии бетараф” (NPA) ширкат меварзанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG