Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбеи 10-уми март бо бозӣ миёни дастаҳои «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Истиқлол»-и Душанбе шуруъ мешавад.
Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ), дар мавсими нав дар мусобиқоти лигаи олӣ, ки имсол барои бори 27-ум барпо мегардад, монанди соли гузашта 8 даста ширкат меварзад.
Бар асоси қуръакашии тақвими бозиҳои мусобиқоти имсола дар даври аввал чаҳор бозӣ миёни дастаҳои «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ), ССКА «Помир» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) ва «Барқчӣ» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) баргузор мешавад.
Мусобиқоти имсола низ аз се давра иборат аст. Ҳар як даста 21 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки аз рӯи натиҷагирии мавсим ҷойи охиринро мегирад, лигаи олиро тарк менамояд. Дастае, ки ҷойи ҳафтумро ишғол мекунад, дар охири мавсим барои нигоҳ доштани мавқеаш дар лигаи олӣ бо ҷоизадори нуқраи лигаи аввал мубориза мебарад.
Ёдовар мешавем, мусобиқоти соли гузашта бо пирӯзии дастаи "Истиқлол" анҷом ёфта буд. Футболбозони Душанбе барои бори шашум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Дастаи “Хуҷанд”, ки ҷойи дувумро касб намуд, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи ССКА “Помир” гардид.
Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2018
Даври 1-ум
10 март (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:30
“Хатлон” – “Истиқлол”
11 март (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 14:00
ССКА “Помир” – “Хуҷанд”
“Барқчӣ” – “Регар-ТадАЗ”
12 март (душанбе)
Оғози бозӣ – соати 14:00
“Панҷшер” – “Кӯктош”
Озоди хеле бомаврид. Дар дунёи пешрафта офтоба бо доман пушида наметавонанд. Акнун дастонл пур аз хуни Эмомали бо тимаш хеле кушоду равшан намоён мешавад. Мардум наворҳоро ба озоди бифиристед.
Лекин хич нафахмидам ки нафахмидам манзур аз сахнаи манкурт кадом тараф бошад ,ки манкуртои худира хуш наомада бошад
Мардумон рузи биhи металабанд аз аём Мушкил ин аст ки хар руз бад'тар мебинам!
Где вы увидели сепаратизм ?На самом деле мы таджики Памира титульная нация Таджикистана, а наш считают за диаспору. Кулобат , Ленинобод бар Померен лап обод, аммо Помер вев чон.
Вомарро ба хун олуда шуд. Бисери точикон моро айбдор мекунанд, ки мо халалдори сулх хастем. Лекин аз кадом сулх шумо гап мезанет? Ягон нишонахои сулхпарваронаи гасбкардагарони укуматро надидаем. Таьрихро бо хуни худ навишем