Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” дар аввалин бозии Ҷоми AFC “Аҳал”-ро шикаст дод


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар нахустин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) - 2018 бар тими «Аҳал»-и Балканобод, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон, бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Бозиҳои даври дувум дар гурӯҳи “D” рӯзи 14-уми март баргузор мешаванд. “Истиқлол” дар меҳмонӣ муқобили “Алтин Асир” ва “Аҳал” дар майдони худ бо “Олой” бозӣ мекунанд.

Ин бозӣ шоми 7-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд. Бозигарони ҳарду даста аз лаҳзаҳои зиёди голзанӣ истифода карда натавонистанд. Голи ягона дар дақиқаи 25-уми дидор зада шуд. Баъди зарбаи ҳамлагар Николай Зенко, легионери “Истиқлол” аз Беларус, тӯб ба ҳимоятгари “Аҳал” бархӯрда, ба дарвозаи меҳмонон ворид шуд.

Бояд гуфт, ки дар дақиқаҳои охири бозӣ ҳамлагари ҷавони “Истиқлол” Шериддин Бобоев барои бо даст тӯбро задан корти сурх гирифт ва аз майдон хориҷ шуд.

Ҳамин тариқ, тими “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар бозии аввалинаш дар Ҷоми AFC-2018 пирӯз шуда, се имтиёз ба даст овард. Вале тими “Аҳал”, ки бо раҳбарии сармураббӣ Равшан Муродов шикаст хӯрд, ба Туркманистон бидуни имтиёз бармегардад.

Дар бозии дигари гурӯҳи “D” дастаи “Алтин Асир”-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, тими “Олой”-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 6:3 шикаст дод.

Ҷоми AFC-2018. Минтақаи марказӣ . Гурӯҳи «D». Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон) – 1:0

Гол: Гуйчмурод Аннагулиев, 25 – ба дарвозаи худ.

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Артём Барановский, Ромиш Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Сергей Тихоновский, Амирбек Ҷӯрабоев (Эҳсони Панҷшанбе, 90+4), Фатҳулло Фатҳуллоев, Нозим Бобоҷонов (Давронҷон Эргашев, 44), Дилшод Восиев (Шериддин Бобоев, 58), Николай Зенко.

«Аҳал» (Туркманистон): Авазмурод Авазмуродов, Гуйчмурод Аннагулиев, Қурбонгулӣ Аширов, Мурод Аннаев, Сулаймон Муҳадов, Гуванч Абилов (Бегенч Оқмамедов, 70), Сулаймон Оразов (Дидор Дурдиев, 89), Дидор Ҳоҷиев, Вазиргелдӣ Илёсов, Хушгелдӣ Хоҷовов, Мардон Қурбонов (Оразбердӣ Муродов, 85).

Огоҳонида шуд: Гуйчмурод Аннагулиев («Аҳал»).

Аз майдон хориҷ шуд: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), 86 – корти 2-юми зард.

Бозигари беҳтарини дидор: Николай Зенко («Истиқлол»).

Сардовар: Одил Алӣ Аҳмад Хамис Ал-Нақбӣ (Имороти Муттаҳидаи Араб).

Нозири доварон: Масъуд Иноят (Эрон).

Комиссари бозӣ: Аҳмад Ҳамид Ал-Хусайбӣ (Умон).

7 март. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 11 000 тамошогар.

«Олой» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 3:6

Голҳо: Мурод Якшиев, 11 (0:1). Олтимурод Аннадурдиев, 19 (0:2). Илёс Олимов, 39 (1:2). Олтимурод Аннадурдиев, 41 (1:3). Ҷоел Коҷо, 47 (2:3).

Мурод Якшиев, 51 (2:4). Мақсад Олимов, 57 (3:4). Олтимурод Аннадурдиев, 84 (3:5). Бегмурод Боев, 88 (3:6).

7 март. Ӯш. Варзишгоҳи ба номи Аҳмадбек Суюнбоев. 2958 тамошогар.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври аввали мусобиқот дар гурӯҳи “D” дастаҳои “Алтин Асир” ва “Истиқлол” сеимтиёзӣ гирифтаанд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Алтин Асир” дар ҷойи аввал ва “Истиқлол” дар ҷойи дувум қарор доранд.

Бозиҳои даври дувум дар гурӯҳи “D” рӯзи 14-уми март баргузор мешаванд. “Истиқлол” дар меҳмонӣ муқобили “Алтин Асир” ва “Аҳал” дар майдони худ бо “Олой” бозӣ мекунанд.

​Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 7-уми март оғоз ёфта, 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосӣ ё ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябр барпо мегардад.

Ҷоми AFC-2018

Гурӯҳи «D». Минтақаи Марказӣ

Даври 1-ум
7 март (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – “Аҳал” (Туркманистон) – 1:0
«Олой» (Қирғизистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон) -3:6

Даври 2-юм
14 март (чоршанбе)
“Алтин Асир” (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) “Аҳал” (Туркманистон) - «Олой» (Қирғизистон)

Даври 3-юм
11 апрел (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Олой» (Қирғизистон)

“Аҳал” (Туркманистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон)

Даври 4-ум
25 апрел (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
“Алтин Асир” (Туркманистон) – “Аҳал” (Туркманистон)

Даври 5-ум
2 май (чоршанбе)

“Аҳал” (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
“Алтин Асир” (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум
16 май (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – “Алтин Асир” (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – “Аҳал” (Туркманистон)

XS
SM
MD
LG