Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Муҳаммадиев: "Дар бозии хонагӣ бо “Аҳал” мо ҳуқуқи бохтанро надорем”


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, нахустин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2018 муқобили тими «Аҳал»-и Балканобод, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Туркманистон, имрӯз, 7-уми март, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мекунад.

Дар арафаи ин бозӣ, рӯзи 6-уми март, дар шаҳри Душанбе нишасти хабарӣ бо ҳузури сармураббиёни ҳарду даста доир шуд. Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими “Истиқлол”, ба хабарнигорон гуфт, ки соли дувум аст, ки "Истиқлол" паиҳам мусобиқотро аз бозии хонагӣ шурӯъ мекунад. Вай афзуд, ки рақибони тимаш дар гурӯҳи "Д" бошгоҳҳои футболи Туркманистон ва Қирғизистон мебошанд.

​Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 7-уми март оғоз ёфта, 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад.

"Мо ба бозии аввал муқобили “Аҳал” хеле ҷиддӣ омодагӣ дидаем. Дар бораи рақибамон иттилои кофӣ дорем. Бозиҳои «Аҳал»-ро муқобили «Дордой»-и Қирғизистон ва «Хуҷанд» тамошо кардем. Рақибамон хеле сахт аст. Вале мо дар хона бозӣ мекунем ва бояд бозии худро нишон бидиҳем. Мекӯшем,ки ба рақибамон фишори сахт бидиҳем",-гуфт Муҳсин Муҳаммадиев.

Ба гуфтаи сармураббии дастаи "Истиқлол" дар Ҷоми АФК ҳар як имтиёз хеле гарон аст ва дар бозии хонагӣ онҳо ҳуқуқи бохтанро надоранд. Муҳсин Муҳаммадиев ҳамзамон аз ҳамаи мухлисонро ба тамошои бозӣ бо “Аҳал” даъват кард то онҳоро дастгирӣ намоянд.

Равшан Муродов, сармураббии дастаи “Аҳал”
Равшан Муродов, сармураббии дастаи “Аҳал”

Равшан Муродов, сармураббии дастаи “Аҳал”, ба мизбонон барои истиқболи гарму ҷӯшон изҳори сипос намуд. Вай афзуд, «ба Тоҷикистон омадан барои мо ҳамеша гуворост. Дар бораи ширкати мо дар Ҷоми АФК-2018 гуфтаниам, ки мо аллакай дар марҳилаи пешакӣ ва плей-офф чор бозӣ анҷом додем. Мо ба марҳилаи гурӯҳӣ ба осонӣ роҳ наёфтаем, вазифаи мо натиҷаи мусбат ба даст овардан аст. Бозигарони мо ба мисли футболбозони «Истиқлол» чунин таҷриба надоранд, вале аз ҷиҳати хоҳиш ва ҳадафмандӣ аз касе паст намеоянд. Мо мехоҳем дар марҳилаи гурӯҳӣ худро хуб муаррифӣ кунем.

«Истиқлол» солҳои ахир ҳам дар арсаи дохилӣ ва ҳам байналмилалӣ ба натиҷаҳои хуб ноил шудааст. Дар се сол ду бор ба финали Ҷоми АФК баромадан на танҳо сатҳи футболи тоҷик, инчунин минтақаи Осиёи Марказиро нишон медиҳад. «Истиқлол» дастаи пуртаҷриба, дар баробари “Алтин Асир” барои ғолиби гурӯҳ шудан имконияти бештар дорад. Дастаи мо бошад, барои рақибонамон ҳанӯз номаълум аст”.

Бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар гурӯҳи “D” миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон - «Аҳал»-и Туркманистон 7-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 18:00 шуруъ мешавад.

Дар бозии дигари гурӯҳи «D» 7-уми март ду тими қаҳрамони кишварҳои худ - «Олой»-и Қирғизистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон - рақобат мекунанд.

​Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 7-уми март оғоз ёфта, 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосӣ ё ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябр барпо мегардад.

Ҷоми AFC-2018

Гурӯҳи «D». Минтақаи Марказӣ

Даври 1-ум
7 март (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – “Аҳал” (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон)

Даври 2-юм
14 март (чоршанбе)
“Алтин Асир” (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) “Аҳал” (Туркманистон) - «Олой» (Қирғизистон)

Даври 3-юм
11 апрел (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Олой» (Қирғизистон)

“Аҳал” (Туркманистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон)

Даври 4-ум
25 апрел (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
“Алтин Асир” (Туркманистон) – “Аҳал” (Туркманистон)

Даври 5-ум
2 май (чоршанбе)

“Аҳал” (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
“Алтин Асир” (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум
16 май (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – “Алтин Асир” (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – “Аҳал” (Туркманистон)

XS
SM
MD
LG