Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аҳал" барои бозӣ бо "Истиқлол" ба Душанбе омад


Тими «Аҳал»-и Балканобод, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Туркманистон, барои ширкат дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) -2018 муқобили дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон, имрӯз, 5-уми март, ба Душанбе омад.

Футболбозони туркман, ки дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” зиндагӣ мекунанд, имрӯз дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе тамрин намуданд. Сармураббии тими «Аҳал» Равшан Муродов ба бозӣ муқобили “Истиқлол” 16 футболбоз овардааст.

Ҳайати «Аҳал» дар бозӣ муқобили «Истиқлол»:

Дарвозабонҳо – Авазмурод Авазмуродов, Қурбонмурод Гараев

Ҳимоятгарон – Гуйчмурод Анагулиев, Дидор Ҳоҷиев, Ота Гелдиев, Хушгелдӣ Хоҷовов, Оразбердӣ Муродов,

Нимҳимоятгарон – Вазиргелдӣ Илёсов, Сулаймон Оразов, Нурёғдӣ Муҳамедов, Қурбонгулӣ Аширов, Гуванч Абилов,

Ҳамагарон Бегенч Оқмамедов, Дидор Дурдиев, Мурод Аннаев, Сулаймон Муҳадов.

Сармураббӣ: Равшан Муродов.

Бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар гурӯҳи “D” миёни «Истиқлол»-и Тоҷикистон - «Аҳал»-и Туркманистон 7-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 18:00 шуруъ мешавад.

Ёдовар мешавем, тими «Аҳал»-и Туркманистон, ки аз рӯи натоиҷи ду бозии плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) дастаи «Хуҷанд»-и Тоҷикистонро бо ҳисоби умумии 3:0 (бозии аввал - 1:0 ва бозии ҷавобӣ - 2:0) шикаст дод, ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот мушарраф гашт. “Аҳал” дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои қаҳрамони кишварҳои худ - «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон - рақобат мекунад.

​Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 7-уми март оғоз ёфта, 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосӣ ё ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябр барпо мегардад.

Ҷоми AFC-2018

Гурӯҳи «D». Минтақаи Марказӣ

Даври 1-ум
7 март (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – “Аҳал” (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон)

Даври 2-юм
14 март (чоршанбе)
“Алтин Асир” (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) “Аҳал” (Туркманистон) - «Олой» (Қирғизистон)

Даври 3-юм
11 апрел (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Олой» (Қирғизистон)

“Аҳал” (Туркманистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон)

Даври 4-ум
25 апрел (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
“Алтин Асир” (Туркманистон) – “Аҳал” (Туркманистон)

Даври 5-ум
2 май (чоршанбе)

“Аҳал” (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
“Алтин Асир” (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум
16 май (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – “Алтин Асир” (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – “Аҳал” (Туркманистон)

XS
SM
MD
LG