Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё бе медал монданд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод, ки рӯзҳои 3-4-уми март дар пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек – баргузор шуд, ноком шуданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Абдурозиқ Олимов даҳ варзишгар дохил буд: Ҳикматулло Воҳидов (57 кг), Ҷамшед Шарифов (61 кг), Абдулқосим Файзиев (65 кг), Ғуломҷон Шарифов (70 кг), Сорбон Абдулҳаев (74 кг), Усмони Қосим (79 кг), Баҳодур Қодиров (86 кг), Комилҷони Сафаралӣ (92 кг), Искандари Рустам (97 кг) ва Фарҳод Анақулов (125 кг). Вале ҳамаи онҳо аз рақибонашон шикаст хӯрда, бе медал монданд.

Натоиҷи рақобатҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018 оид ба гуштии озод, 3-4 март, Бишкек

57кг

1/4 финал: Тошиҳиро Ҳасегава (Ҷопон) - Ҳикматулло Воҳидов (Tоҷикистон) - 5-0

61 кг

1/4 финал: Аббос Раҳмонов (Узбакистон) - Ҷамшед Шарифов (Tоҷикистон) - 8-0

65 кг

Квалификатсия: Абдулқосим Файзиев (Tоҷикистон) - Дайчи Такатани (Ҷопон) - 0-9

70 кг

Квалификатсия: Довуд Салмон Ал-Дулаимӣ (Ироқ) - Ғуломҷон Шарифов (Tоҷикистон) 13-22

1/4 финал: Ғуломҷон Шарифов (Tоҷикистон) - Меиржан Аширов (Қазоқистон) - 5-9

74 кг

Квалификатсия: Сорбон Абдулҳаев (Tоҷикистон) - Муслим Евлоев (Қирғизистон) - 0-11

79 кг

1/4 финал: Турболд Ганболд (Муғулистон) - Усмони Қосим (Tоҷикистон) - 9-2

86 кг

Квалификатсия: Баҳодур Қодиров (Tоҷикистон) – Ченгфенг Ви (Чин) 8-10

92 кг

Квалификатсия: Азизбек Солиев (Узбакистон) – Комилҷони Сафаралӣ (Tоҷикистон) - 11-0

97 кг

Квалификатсия: Искандари Рустам (Tоҷикистон) - Ойбек Юсупов (Қирғизистон) - 8-21

125 кг

Квалификатсия: Фарҳод Анақулов (Tоҷикистон) - Гиорги Саканделидзе (Қатар) - 2-12

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018, гуштии озод, 3-4 март, Бишкек

57кг

1) Кумсонг Канг (Кореяи Шимолӣ)
2) Маҳмудҷон Шавкатов (Узбакистон)
3) Тошиҳиро Ҳасегава (Ҷопон)
3) Жандос Исмоилов (Қазоқистон)

61 кг

1) Артас Санаа (Қазоқистон)
2) Казуя Коянаги (Ҷопон)
3) Жолдошбеков (Қирғизистон)
3) Аббос Раҳмонов (Узбакистон)

65 кг

1) Давлат Ниёзбеков (Қазоқистон)
2) Даичи Tакатани (Ҷопон)
3) Баҷранг Баҷранг (Ҳиндустон)
3) Темурҷон Усмонохунов (Узбакистон)

70 кг

1) Ихтиёр Наврӯзов (Узбакистон)
2) Сеунбонг Ли (Kореяи Ҷанубӣ)
3) Меиржан Аширов (Қазоқистон)
3) Кумар Умпракаш Винод (Ҳиндустон)

74 кг

1) Муслим Евлоев (Қирғизистон)
2) Мандахнаран Ганзориг (Mуғулистон)
3) Mустафо Ҳусейнхонӣ (Эрон)
3) Дониёр Кайсанов (Қазоқистон)

79 кг

1) Иззатуллоҳ Акбаризаринкӯлоҳӣ (Эрон)
2) Рашид Қурбонов (Узбакистон)
3) Tсубаса Aсаи (Ҷопон)
3) Tурболд Ганболд (Mуғулистон)

86 кг

1) Ҳасан Алиаъзам Яздончеҳраӣ (Эрон)
2) Ютимен Оргодол (Mуғулистон)
3) Шенгфенг Би (Чин)
3) Азамат Давлатбеков (Қазоқистон)

92 кг

1) Муҳаммадҷавод Иброҳимизивлаӣ (Эрон)
2) Адолат Давлимбоев (Қазоқистон)
3) Зушен Лин (Чин)
3) Азизбек Солиев (Узбакистон)

97 кг

1) Магомед Иброҳимов (Узбакистон)
2) Муҷтаба Муҳаммадшафӣ Гулейҷ (Эрон)
3) Tакеши Ямагучи (Ҷопон)
3) Ҷаеганг Kим (Kореяи Ҷанубӣ)

125 кг

1) Давит Модзманашвили (Узбакистон)
2) Гиорги Саканделидзе (Қатар)
3) Aмин Ҳусейн Тоҳирӣ (Эрон)
3) Золбуу Натсагсурен (Mуғулистон)

Ёдовар мешавем, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнонию румӣ, ки рӯзҳои 27-28-уми феврал дар Бишкек баргузор шуда буд, варзишгарони тоҷик медал нагирифтанд. Дар ин мусобиқоти қитъавӣ дар намуди гуштии юнониву румӣ ҳашт варзишгари тоҷик бо сарварии сармураббӣ Ҳабибулло Абдуллоев ширкат дошт: Ҳасан Сӯфиев (55 кг), Азизбек Шарифзода (67 кг), Сӯҳроб Ҳоҷиев (72 кг), Бахтовар Ҳасанов (77 кг), Сӯҳроб Абдулҳаев (82 кг), Шараф Файзиев (87 кг), Мирзоамин Сафаров (97 кг)ва Сӯҳроб Азизов (130 кг).

Зимнан, соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Деҳлии Ҳиндустон Бахтовар Ҳасанов дар намуди гуштии юнонию румӣ медали биринҷӣ ба даст оварда буд, вале имсол ягон нафар аз Тоҷикистон оид ба гуштии юнонию румӣ ва гуштии озод медал нагирифт.

XS
SM
MD
LG