Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёвуш Илёсов ба Куриёи Ҷанубӣ меравад


Сиёвуш Илёсов
Сиёвуш Илёсов

Сиёвуш Илёсов танҳо варзишгарест, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ, ки аз 9-ум то 18-уми март дар шаҳри Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, намояндагӣ мекунад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Сафар Боев, раиси Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон, рӯзи 4-уми март хабар дод.

Маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ 9-уми март ва маросими пӯшидашваии Бозиҳо 18-уми март дар Варзишгоҳи олимпии Пхёнчхан барпо мегардад.

Вай гуфт, “Сиёвуш Асророви 28-сола, ки варзишгари нобиност, дар Паралимпиадаи зимистона дар Пхёнчхан дар пойгаи лижаронӣ ба масофаи 10 километр иштирок мекунад. Ӯ, ки дар урдугоҳи лижаронии Сафеддараи ноҳияи Варзоби Тоҷикистон, инчунин дар Олмону Эрон тамрин кардааст, охири моҳи феврал дар як мусобиқаи интихобӣ оид ба лижаронӣ дар Олмон меъёрҳои заруриро иҷро намуда, ба Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ роҳхат гирифтааст. Зимнан, ӯ аввалин варзишгари маълул аз Тоҷикистон аст, ки дар Бозиҳои паралимпии зимистона ширкат меварзад”.

Сиёвуш Илёсов омӯзгори мактаб–интернати ҷумҳуриявии бачагони нобинои шаҳри Ҳисор мебошад. Зимнан, базми хонадоршавии ӯ 27-уми июни соли 2013 бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҷлил шуда буд. Сиёвушу ҳамсараш Фирӯза Валиева, ки ҳарду маълуланд, аз ҷумлаи 64 ҷуфт аз оилаҳои камбизоат буданд, ки маросими хонадоршавии онҳо ба муносибати таҷлил аз 16-умин солгарди имзои созишномаи сулҳ дар маҷмааи «Душанбе-Плаза» бо ибтикори шаҳрдорӣ барпо гардид.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули панҷ нафар - президенти Кумитаи миллии паралимпӣ Сафар Боев, варзишгар Сиёвуш Илёсов, мураббӣ Илҳомиддин Абдуллоев, раҳбари даста Абдурауф Алимов ва ноиби президенти Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон Зиннатулло Саидов – барои ширкат дар Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ имрӯз, 4-уми март, тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Алматӣ – Сеул ба Кореяи Ҷанубӣ сафар кард.

“Маблағи хароҷот барои ширкати аъзои ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ дар Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ комилан аз ҳисоби Кумитаи байналмилалии паралимпӣ пардохт мешавад. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҳайати моро бо либоси варзишӣ таъмин намудааст”, - иброз дошт Сафар Боев.

Дар Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ ширкати беш аз 600 варзишгар аз наздики 50 кишвар дар назар аст. Онҳо барои 80 маҷмуи медалҳо дар шаш ришта - биатлон, кёрлинг, лижаронии кӯҳӣ, пойгаи лижаронӣ, пара-сноуборд ва слеҷ-ҳоккей – рақобат мекунанд.

Дар Паралимпиадаи зимистонаи соли 2018 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳама ҳайати сернуфузтарин мебошад, ки минҷумла аз 68 варзишгар иборат аст. Ба ҳайати мунтахаби Канада 52 варзишгар ва ба ҳайати мунтахаби Ҷопон 38 варзишгар дохиланд.

Кумитаи байналмилалии паралимпӣ 29-уми январи имсол муҳлати хориҷ намудани Кумитаи паралимпии Русияро ба иллати истифодаи маводи нерӯафзои барои варзишгарон мамнуъ дар Бозиҳо дар Сочи тамдид кард. Бинобар ин, ҳудуди 30 варзишгар аз Русия дар Бозиҳои паралимпӣ дар Пхёнчхан дар ҳайати “варзишгарони паралимпии бетараф” ширкат меварзанд.

Маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ 9-уми март ва маросими пӯшидашваии Бозиҳо 18-уми март дар Варзишгоҳи олимпии Пхёнчхан барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ, ки аз 7-ум то 18-уми сентябри соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуда буд, Тоҷикистонро варзишгари маълул Раҳмихудо Додихудоеви душанбегӣ муаррифӣ кардааст. Ӯ дар айёми кӯдакӣ ба бемории остеомиелит гирифтор шудааст ва пизишкон натавонистаанд, ки устухони дасти чапи ӯро муолиҷа намоянд.

Додихудоев дар мусобиқоти интихобӣ дар давидан ба масофаи 100 метр дар байни 14 нафар бо натиҷаи 12,89 сония дар ҷойи охирин қарор гирифт. Сипас ӯ дар мусобиқоти интихобӣ дар давидан ба масофаи 400 метр дар байни 17 варзишгари маълул бо натиҷаи 56,34 сония ҷойи 14-умро соҳиб шуд.

XS
SM
MD
LG