Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар феҳристи ҷаҳонии самбо, ки аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2017 нашр шудааст, дар миёни 167 гуштигири вазнашон 57 кило бо 2100 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.
Дар феҳристи ҷаҳонии самбо натиҷаи Акмалиддин Каримов дар байни варзишгарони тоҷик беҳтарин аст. Ӯ соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар шаҳри Сочии Русия барпо гардид, дар рақобатҳо дар вазни зери 57 кило медали нуқра ба даст овард.
Вай, инчунин дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Тошканд ва Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ишқободи Туркманистон бо медалҳои тилло сарфароз гаштааст.
Қаҳрамони ҷаҳон Беҳрӯзи Хоҷазода дар феҳристи ҷаҳонии самбо бо 1700 имтиёз дар байни 253 нафар гуштигирони вазнашон зери 74 кило мақоми 2-юмро касб кардааст.
Боз шаш гуштигири тоҷик ба даҳгонаи зӯртарин самбочиёни ҷаҳон дохиланд. Мубориз Мунавваров дар вазни 74 кило ва Зафар Олимшоев дар вазни 82 кило дар ҷойҳои панҷум, Ҳасани Ҷомӣ дар вазни 52 кило ва Умед Ҳасанбеков дар вазни 90 кило дар ҷойҳои 6-ум, Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни беш аз 100 кило дар ҷойи 9-ум ва Нозимҷон Охиров дар вазни 62 кило дар ҷойи 10-ум қарор доранд.
Рӯйхати гуштигироне, ки дар феҳристи ҷаҳонии самбо аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2017 дар ҷойҳои аввал қарор доранд:
52 кг - Тигран Киракосян (Арманистон)
57 кг - Акмалиддин Каримов (Тоҷикистон)
62 кг - Ессет Куанов (Қазоқистон)
68 кг - Сорбон Эрназаров (Узбакистон)
74 кг - Степан Попов (Беларус)
82 кг - Тимофей Емелянов (Беларус)
90 кг - Сергей Рябов (Русия)
100 кг - Давити Лориашвили (Гурҷистон)
+100 кг - Артём Осипенко (Русия)
Мусобиқоти муҳими имсола барои аъзои дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон миёни бузургсолон:
Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё - Муғулистон, Улан-Батор, 11-13 май.
Бозиҳои XVIII осиёӣ - Индонезия, Ҷакарта, Палембанг, 31 августа - 1 сентябр.
Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон - Руминия, Бухарест, 9-11 ноябр.