Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" бори ҳафтум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе , ки дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон бар тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3:2 (замони асосӣ – 2:2) пирӯз шуд, барои ҳафтумин бор Ҷоми олии футболи кишварро соҳиб гашт.

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон миёни дастаи «Истиқлол», қаҳрамони феълии кишвар, ва тими «Хуҷанд», барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017, рӯзи ҷумъа, 2-юми март, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд.

Ҳисобро дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 17-ум, ҳимоятгари “Хуҷанд” Фирдавс Чақалов боз кард. Ӯ тӯби баргардондаи дарвозабон Николай Стошичро аз масофаи наздик ба тӯри дарвозаи “Истиқлол” зад. Голи дувумро ҳамлагар Агблей Ҷонс, легионери африқоии “Хуҷанд”, дар дақиқаи 31-ум аз масофаи тахминан 17 метр ба ҳадаф расонд.

Дар ду дақиқаи ба замони асосии нимаи аввали дидор изофакардаи сардовари бозӣ Беҳрӯз Муртазоеви душанбегӣ ҳисоб тағйир ёфт. Баъди зарбаи ҷаримавӣ аз ҷониби нимҳимоятгари “Истиқлол” Фатҳулло Фатҳуллоев, тӯб ба пои ҳимоятгар Фирдавс Чақалов бархӯрда, вориди дарвозаи “Хуҷанд” гардид. Дастаҳо бо ҳисоби 2:1 ба нафъи “Хуҷанд” ба танаффус баромаданд.

Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 59-ум, ҳисоб баробар шуд – 2:2. Голи дувуми “Истиқлол”-ро ҳамлагар Николай Зенко, легионер аз Беларус, зад. Ӯ тӯби ба назди дарвоза ҳавододаи Аҳтам Назаровро бо зарбаи сар ба ҳадаф расонд. Алексей Матросов, легионери эстониягии “Хуҷанд”, маҷбур шуд, ки тӯбро аз тӯри дарвозааш бигирад.

Дар замони асосии бозӣ дастаи ғолиб маълум нашуд. Бар асоси дастури мусобиқот 30 дақиқа замони изофӣ (ду қисми 15-дақиқагӣ) таъйин гардид. Голи севум ва ҳалкунандаи “Истиқлол”-ро нимҳимоятгар Нозим Бобоҷонов дар қисми дувуми замони изофӣ, дар дақиқаи 107-уми дидор, ба самар расонд.

Ба ин тартиб, ин бозии пуршиддат бо ҳисоби 3:2 бо пирӯзии дастаи “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев хотима ёфт. Вале ин аввалин бохти “Хуҷанд” таҳти раҳбарии сармураббии нави даста Нуъмонҷон Юсупов буд.

Бояд тазаккур дод, Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 барои бори нӯҳум барпо гардид. «Истиқлол» ҳафт бор Суперҷомро соҳиб шудааст. Тимҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва “Ҳосилот”-и Фархор якборӣ Ҷоми олиро ба даст овардаанд.

Суперҷоми Тоҷикистон -2018

«Истиқлол» - «Хуҷанд» - 3:2

Голҳо: Фирдавс Чақалов, 17 (0:1). Агблей Ҷонс, 31 (0:2). Фирдавс Чақалов, 45+1 (1:2). Николай Зенко, 59 (2:2). Нозим Бобоҷонов, 107 (3:2).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Артём Барановский, Ромиш Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Фатҳулло Фатҳуллоев (Комрон Турсунов, 119), Муҳаммадҷон Раҳимов (Нозим Бобоҷонов, 46), Амирбек Ҷӯрабоев (Табрези Давлатмир, 110), Сергей Тихоновский, Дилшод Восиев (Шериддин Бобоев, 78), Николай Зенко.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Алексей Матросов, Манучеҳр Аҳмадов, Далер Тухтасунов, Хуршед Бекназаров, Фирдавс Чақалов, Бахтиёр Чориев, Ҳикматулло Расулов (Меҳроҷ Шарифзода, 89), Фурқатҷон Ҳасанбоев (Ҳасан Рустамов, 59), Агблей Ҷонс (Фарҳод Тоҳиров, 65), Ҷаҳонгир Эргашев, Эҳсон Бобоев (Абдусамад Ҳоҷибоев, 74).

Бозигари беҳтарини дидор: Николай Зенко ("Истиқлол").

Огоҳонида шуданд: Ҳасан Рустамов («Хуҷанд»), Аҳтам Назаров, Сергей Тихоновский, Нозим Бобоҷонов («Истиқлол»),

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Душанбе).

2-юми март. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 5400 тамошогар.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳо барои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2018):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011«Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012«Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013«Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015«Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 4:3

2016«Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017 - «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2

2018 - «Истиқлол» (Душанбе)«Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2 (замони асосӣ – 2:2)

XS
SM
MD
LG