Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) узвияти Кумитаи олимпии Русияро ба ин созмон барқарор намуд. Дар ин бора узви КБО Шамил Тарпишеви русиягӣ ба Оҷонсии РБК хабар додааст.
"Ҳамаи натиҷаҳои тафтиши варзишгарони мо «пок» будани онҳоро собит намуд. Ба Русия ҳеҷгуна ҳуҷҷат пешниҳод кардан зарур нест, барқароршавии узвияти Кумитаи олимпии Русия худ ба худ сурат гирифт, КБО ҳеҷгуна сарзаниш надорад", - изҳор доштааст президенти фахрии Кумитаи олимпии Русия Шамил Тарпишев.
Ёдовар мешавем, Кумитаи байналмилалии олимпӣ иштироки варзишгарони русиягиро дар Олимпиадаи соли 2018 дар Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ дар як ҷаласаи кумитаи иҷроияи ин созмон, ки рӯзи 5-уми декабри соли гузашта дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария доир шуд, баррасӣ намуд. Дар ин ҷаласа Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, гуфт, ки Кумитаи олимпии Русия аз ҳамин лаҳза аз узвият хориҷ шудааст.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ баъди он Русияро аз ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ маҳрум кард, ки таҳқиқ нишон дод, варзишгарони рус дар Бозиҳои олимпии соли 2014 дар шаҳри Сочи аз доруҳои мамнуи нерӯафзо барои варзишгарон васеъ истифода бурдаанд. Аммо ба 169 варзишгари русиягӣ иҷоза доданд, ки дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2018 дар ҳайати “Тими варзишгарони олимпӣ аз Русия” ширкат кунанд.
25-уми феврали имсол Кумитаи байналмилалии олимпӣ қарор дар бораи аз ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ маҳрум кардани тими миллии Русияро бетағйир гузошт. Варзишгарони рус дар маросими хатми Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ дар Пхёнчхан таҳти парчами олимпӣ аз майдон гузаштанд.