Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯёрӯии "Истиқлол" ва "Хуҷанд" барои Суперҷоми Тоҷикистон


Имрӯз, 2-юми март, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар он дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд барои Ҷоми олии футболи Тоҷикистон мубориза мебаранд.

Пеш аз бозӣ барои Суперҷом рӯзи 1-уми март дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» нишасти хабарӣ доир шуд. Дар ин нишаст Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими «Истиқлол», гуфт, ки ба бозӣ муқобили “Хуҷанд” ба таври ҷиддӣ омодагӣ дидаанд ва мекӯшанд собит созанд, ки бохти порсола дар Суперҷом ва Ҷоми Тоҷикистон тасодуфӣ буд.

“Дар мавсими имсола мо мақсадҳои бузург дорем. Мехоҳем, аз рӯи имконият, ҳама чиро, ки бурдан мумкин аст, бубарем. Ин бисёр душвор аст, вале дар назди “Истиқлол” ҳамеша вазифаҳои бузург меистад – ғалаба дар ҳамагуна мусобиқоте, ки бошгоҳ ширкат меварзад. Бозӣ барои Суперҷомро мо ҳамчун омодагӣ ба бозии аввалини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АФК-2018 муқобили «Аҳал»-и Туркманистон меҳисобем”, - иброз дошт Мӯҳсин Муҳаммадиев.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими «Истиқлол»
Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими «Истиқлол»

Сармураббии “Истиқлол”, инчунин дар бораи натиҷаҳои ҷамъомади таълимиву тамринии бошгоҳи “Истиқлол” дар шаҳри Тошканд иттилоъ дод. Вай гуфт, ки даста дар пойтахти Узбакистон бо бошгоҳҳои футболи ин кишвар панҷ бозии санҷишӣ баргузор кард.

“Дар ин бозиҳо бисёр футболбоони даъватшуда озмоиш шуданд. Аз гурӯҳи бузург се легионерро интихоб кардем. Инҳо Сергей Тихоновский ва Николай Зенко аз Беларус, инчунин Александр Гарбар аз Украина мебошанд. Ба сабаби лимит ба легионерҳо, Гарбар ба дархости мо барои иштирок дар Ҷоми АФК дохил нашуд, вале ӯ ба мо дар мусобиқоти дохилӣ кӯмак хоҳад кард”, - изҳор намуд Мӯҳсин Муҳаммадиев.

Зимнан, дар ҳайати “Истиқлол” нисбат ба соли гузашта тағйироти зиёд ба амал омадааст. Бо сабабҳои мухталиф дастаро шаш бозигари асосӣ – Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Алиев, Манучеҳр Ҷалилов, Дэвид Мавутор, Дмитрий Барков ва Александр Стетсенко – тарк намуданд, ки ҳар яки онҳо дар комёбии умумии даста саҳми арзандаи худро гузоштаанд.

Дар нишасти хабарӣ Никола Стошичи сербиягӣ, дарвозабони «Истиқлол», гуфт, “ягон финал осон нест. Мо нағз медонем, ки «Хуҷанд» дастаи хубу сахт аст. Дар бозӣ барои Суперҷом ҳамаи нерӯямонро барои ҷуброни бохт дар финали охирини Ҷоми Тоҷикистон равона мекунем. Мекӯшем, ки бозии худро нишон бидиҳем”.

Нуъмонҷон Юсупов, сармураббии нави дастаи «Хуҷанд»
Нуъмонҷон Юсупов, сармураббии нави дастаи «Хуҷанд»

Нуъмонҷон Юсупов, сармураббии нави дастаи «Хуҷанд», ки ин ҳафта ба кор шуруъ кардааст, ба хабарнигорон гуфт, “бозигарони мо масъулиятро дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон хуб мефаҳманд. Бачаҳо ҳамаи қувваашонро сад дар сад баҳри пирӯзӣ сафарбар мекунанд, то ин ки барои нокомӣ дар бозиҳои плей-оффи Ҷоми АФК худро дар назди мухлисони даста сафед намоянд. Аз мо, мураббиёну роҳбарони бошгоҳ, бисёр чиз бастагӣ дорад. Мекӯшем, ки бозигаронро аз лиҳози рӯҳӣ омода созем, хуб дастур бидиҳем, муқобили рақиби пурзӯр - «Истиқлол» - тактикаи мувофиқро пеша кунем”.

Ба гуфтаи Юсупов, баъди ба «Хуҷанд» омаданаш вай ҳимоятгар Ҳасан Рустамов ва нимҳимоятгар Бахтиёр Чориевро ба даста даъват намуда, инчунин ҳамлагар Фарҳод Тоҳировро ба бошгоҳ баргардонидааст. Бовар дорад, ки ин бозигарон ба “Хуҷанд” кӯмак мекунанд.

“Вале «Хуҷанд»-ро легионери украинӣ Сергей Чеботарёв худсарона тарк намудааст. Бо ҳамаи бозигароне, ки бо бошгоҳ шартнома доранд, мо сарукор мегирем, онҳоро озмоиш мекунем. Дарҳол касеро ҷавоб додан мувофиқи кори ҳирфаӣ нест. Бо онҳо нимаи аввали мавсим кор мекунем, мебинем, кӣ ба мо мувофиқ аст ва кӣ мувофиқ нест”, - изҳор намуд сармураббии “Хуҷанд”.

Нуъмонҷон Юсупов, ҳамчунин аз кӯмаку дастгирии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки ӯро шахсан ба даста даъват намудааст, изҳори сипос намуда, гуфт, “сарвари нави вилоят футболро хуб мефаҳмад. Ӯ орзу дорад, ки”Хуҷанд” ба дараҷаи “Истиқлол” бирасад ва дар сатҳи байналмилалӣ, дар Ҷоми АФК, пайваста иштирок намояд. Бинобар ин дар назди «Хуҷанд» дар мавсими имсола вазифаҳои бузург гузошта шудааст. Мекӯшем бо мудири нави бошгоҳ Мурод Умаров, ки дар дастаи “Истиқлол” таҷрибаи ғанӣ андӯхтааст, ба боварии мақомоти вилояту шаҳри Хуҷанд ва мухлисони футбол сазовор бошем”.

Легионери эстониягӣ Алексей Матросов, дарвозабони «Хуҷанд», бозӣ барои Суперҷомро дар ҳар як кишвар хеле муҳим медонад. Вай гуфт, “ҳамаи одамон – мутахассисон, мухлисон, журналистон - ин рӯйдодро интизор мешаванд. Ман ба «Хуҷанд» моҳи январ даъват шудам. Маро дар даста хуш истиқбол карданд. Дар коллективи мо ҳеҷ гуна проблема вуҷуд надорад. Чаро «Хуҷанд» ба «Аҳал» бохт? Фикр мекунам, ки ба дастаи мо таҷриба намерасид, инчунин дар давраи омодагӣ спарринг-ҳамкорони мувофиқ надоштем. Ин сабаби асосии нокомии мо дар ду бозӣ бо «Аҳал» буд, ки натавонистем ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АФК роҳ ёбем”.

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон миёни «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълии кишвар, ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017, рӯзи ҷумъа, 2-юми март, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 16:00 оғоз меёбад.

Бояд тазаккур дод, Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 барои бори нӯҳум барпо мегардад. Қаҳрамони феълии Тоҷикистон - «Истиқлол» - шаш бор Суперҷомро соҳиб шудааст. Тимҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва “Ҳосилот”-и Фархор якборӣ Ҷоми олиро ба даст овардаанд.

Суперҷоми Тоҷикистон-2018

2 март (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 16:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Ёварони сардовар: Ҳасан Каримов (Норак), Ҳамза Шоймардонов (Хуросон).

Довари эҳтиётӣ: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Душанбе).

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Натоиҷи ҳамаи бозиҳо барои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2017):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011«Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012«Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013«Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015«Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 4:3

2016«Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017 - «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2

2018 - «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – ?

XS
SM
MD
LG