Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнонию румӣ, ки рӯзҳои 27-28-уми феврал дар пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек – баргузор шуд, бе медал монданд.
Дар ин мусобиқоти қитъавӣ дар намуди гуштии юнониву румӣ бо сарварии сармураббӣ Ҳабибулло Абдуллоев ҳашт варзишгари тоҷик ширкат дошт. Дар рӯзи аввали мусобиқот – 27-уми феврал варзишгарони тоҷик дар чор вазн рақобат карданд. Ҳасан Сӯфиев дар вазни 55 кило, Бахтовар Ҳасанов дар вазни 77 кило, Шараф Файзиев дар вазни 87 кило ва Сӯҳроб Азизов дар вазни 130 кило дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуданд.
Рӯзи 28-уми феврал боз чор гуштигири тоҷик - Азизбек Шарифзода (67 кг), Сӯҳроб Ҳоҷиев (72 кг), Сӯҳроб Абдулҳаев (82 кг) ва Мирзоамин Сафаров (97 кг) – дар қувваозмоиҳо аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз медалҳо маҳрум гаштанд.
Зимнан, соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Деҳлии Ҳиндустон Бахтовар Ҳасанов медали биринҷӣ ба даст оварда буд, вале имсол ягон нафар аз Тоҷикистон дар намуди гуштии юнонию румӣ медал нагирифт.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнонию румӣ дар Бишкек дар ҳисоби дастаӣ мизбонон – варзишгарони Қирғизистон - бо 157 имтиёз мақоми аввалро касб карданд. Мунтахаби Қазоқистон бо 156 имтиёз дувум шуд. Дастаи Узбакистон бо 148 имтиёз мақоми севумро ишғол намуд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнонию румӣ:
55 кг
1) Шота Танокура (Ҷопон)
2) Жоламан Шаршенбеков (Қирғизистон)
3) Кумар Раҷендер (Ҳиндустон)
3) Хорлан Жаканша (Қазоқистон)
60 кг
1) Шинобу Ота (Ҷопон)
2) Си Унг Ри (Кореяи Шимолӣ)
3) Канибек Жолчубеков (Қирғизистон)
3) Исломҷон Баҳромов (Узбакистон)
63 кг
1) Элмурод Тошмуродов (Узбакистон)
2) Урматбек Аматов (Қирғизистон)
3) Мирамбек Айнагулов (Қазоқистон)
3) Докуанг Ҷунг (Ҷумҳурии Корея)
67 кг
1) Алмат Кебиспаев (Қазоқистон)
2) Тсушика Шимоямада (Ҷопон)
3) Мирзобек Раҳматов (Узбакистон)
3) Гаогуам Занг (Чин)
72 кг
1) Акжол Маҳмудов (Қирғизистон)
2) Демеу Жадраев (Қазоқистон)
3) Арам Варданян (Узбакистон)
3) Томоҳиро Инюи (Ҷопон)
77кг
1) Бин Янг (Чин)
2) Муҳаммадалӣ Гиройӣ (Эрон)
3) Мақсад Ережепов (Қазоқистон)
3) Шермет Перманов (Tуркманистон)
82 кг
1) Асхат Дилмуҳамедов (Қазоқистон)
2) Атабек Азисбеков (Қирғизистон)
3) Сингҳ Ҳарфит (Ҳиндустон)
3) Ҷинҳяк Kим (Кореяи Ҷанубӣ)
87 кг
1) Ҳусейн Аҳмад Нурӣ (Эрон)
2) Масато Суми (Ҷопон)
3) Азат Бейшебеков (Қирғизистон)
3) Фей Пенг (Чин)
97 кг
1) Сайидмустафо Солеҳзода (Эрон)
2) Рустам Ассақолов (Узбакистон)
3) Узур Ҷузупбеков (Қирғизистон)
3) Ерулан Исҳоқов (Қазоқистон)
130 кг
1) Беҳном Меҳдизода (Эрон)
2) Муъминҷон Абдуллоев (Узбакистон)
3) Хаоминг Ние (Чин)
3) Мурод Раҳмонов (Қирғизистон)
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар Қасри варзиши ба номи Кожомкули Бишкек то рӯзи 4-уми март идома меёбад, ҳамакнун варзишгарон барои ҷоизаҳо оид ба гуштии занона ва гуштии озод мубориза мебаранд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии озод таҳти раҳбарии сармураббӣ Абдурозиқ Олимов даҳ варзишгар дохил аст. Дар қатори паҳлавонони маъруф, ба монанди Баҳодур Қодиров (86 кг), Искандари Рустам (97 кг), Фарҳод Анақулов (125 кг), инчунин гуштигирони ҷавон - Ҳикматулло Воҳидов (57 кг), Ҷамшед Шарифов (61 кг), Абдулқосим Файзиев (65 кг), Ғуломҷон Шарифов (70 кг), Сорбон Абдулҳаев (74 кг), Усмони Қосим (79 кг) ва Комилҷони Сафаралӣ (92 кг) – дар рақобатҳо ширкат меварзанд.
Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018, Бишкек
ГУШТИИ ЗАНОНА
1-уми март (панҷшанбе)
Рақобатҳои пешакӣ ва тасаллобахш, қувваозмоиҳои ниҳоӣ дар вазнҳои 50-55-59-68-76 кг
2-юми март (ҷумъа)
Рақобатҳои пешакӣ ва тасаллобахш, қувваозмоиҳои ниҳоӣ дар вазнҳои 53-57-62-65-72 кг
ГУШТИИ ОЗОД
3-юми март (шанбе)
Рақобатҳои пешакӣ ва тасаллобахш, қувваозмоиҳои ниҳоӣ дар вазнҳои 57-65-70-79-97 кг
4-уми март (якшанбе)
Рақобатҳои пешакӣ ва тасаллобахш, қувваозмоиҳои ниҳоӣ дар вазнҳои 61-74-86-92-125 кг