Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суперҷоми Тоҷикистон аз кӣ мешавад -- "Истиқлол" ё "Хуҷанд"?


Бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии футболи Тоҷикистон-2018 рӯзи 2-юми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад. Бозӣ соати 16:00 оғоз меёбад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозӣ барои Ҷоми олӣ имсол дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълии кишвар, ва тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017, мубориза мебаранд.

Сардовари ин бозӣ Беҳрӯз Муртазоеви душанбегӣ таъйин шудааст. Ба ӯ доварони марзи майдон Ҳасан Каримов аз шаҳри Норак ва Ҳамза Шоймардонов аз ноҳияи Хуросон кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба дӯши Абдурашид Муродов аз шаҳри Турсунзода вогузор шудааст. Равшан Ишматов аз шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) нозири доварон ва Ҷовидон Ҳасанови душанбегӣ комиссари бозӣ мебошанд.

Пеш аз бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон имрӯз, 1-уми март, соати 11:00 дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» нишасти хабарӣ бо ширкати сармураббиёни ҳарду даста – Мӯҳсин Муҳаммадиев («Истиқлол») ва Нуъмонҷон Юсупов («Хуҷанд») – баргузор мешавад.

Бояд тазаккур дод, Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 барои бори нӯҳум баргузор барпо мегардад. Аввалин бозӣ барои Ҷоми олӣ соли 2010 дар шаҳри Турсунзода доир шуда буд. Баъдан беҳтарин дастаҳои кишвар барои Ҷоми олии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа (2011), Ваҳдат (2012), Кӯлоб (2013), Душанбе (2014, 2015), Турсунзода (2016) ва Ҳисор (2017) мубориза бурданд.

Қаҳрамони феълии Тоҷикистон - «Истиқлол» - шаш бор (солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015 ва 2016) Суперҷоми Тоҷикистонро соҳиб шудааст. Тимҳои «Равшан»-и Кӯлоб (2013) ва “Ҳосилот”-и Фархор (2017) якборӣ Ҷоми олиро ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон миёни "Истиқлол", қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон, ва "Ҳосилот", ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар-2016, рӯзи 4-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда буд.

Хайрулло Азизов, бозигари “Ҳосилот”, дар дақиқаи 9-уми бозӣ ҳисобро боз кард. Голи дувумро Агблей Ҷонс, легионери африқоии “Ҳосилот”, дар дақиқаи 30-юм ба самар расонд. Дмитрий Барков, легионери “Истиқлол”, дар дақиқаи охирини дидор ҳисобро тағйир дод. Ба ин тартиб, ин бозии пуршиддат бо пирӯзии “Ҳосилот” бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Футболбозони “Ҳосилот” Суперҷоми Тоҷикистонро ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бурданд.

Суперҷоми Тоҷикистон-2018

2 март (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 16:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Ёварони сардовар: Ҳасан Каримов (Норак), Ҳамза Шоймардонов (Хуросон).

Довари эҳтиётӣ: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Душанбе).

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Натоиҷи ҳамаи бозиҳо барои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2017):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011«Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012«Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013«Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015«Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 4:3

2016«Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017 - «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2

2018 - «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – ?

XS
SM
MD
LG