Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуштигирони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии Осиё бе медал монданд


Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнонию румӣ, ки 27-уми феврал дар пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек – баргузор шуд, бе медал монданд.

Нахуст чаҳор варзишгари тоҷик - Ҳасан Сӯфиев дар вазни 55 кило, Бахтовар Ҳасанов дар вазни 77 кило, Шараф Файзиев дар вазни 87 кило ва Сӯҳроб Азизов дар вазни 130 кило – дар намуди гуштии юнонию румӣ рақобат карда, ноком шуданд. Зимнан, соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Деҳлии Ҳиндустон Бахтовар Ҳасанов медали биринҷӣ ба даст оварда буд, вале ӯ имсол аз медал бенасиб монд.

Имрӯз, 28-уми феврал, боз чор гуштигири тоҷик - Азизбек Шарифзода (67 кг), Сӯҳроб Ҳоҷиев (72 кг), Сӯҳроб Абдулҳаев (82 кг) ва Мирзоамин Сафаров (97 кг) – дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнонию румӣ таҳти сарварии сармураббӣ Ҳабибулло Абдуллоев вориди рақобат мешаванд.

Дар рӯзи аввали мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнонию румӣ варзишгарони 8 кишвар барандагони 20 медал (5 тилло, 5 нуқра ва 10 биринҷӣ) гардиданд. Эрон 2 медали тилло ва 1 нуқра, Узбакистон 1 медали тилло ва 1 нуқра, Ҷопон 1 медали тилло ва 1 нуқра, Чин 1 медали тилло ва 2 биринҷӣ, Қирғизистон 2 медали нуқра ва 2 биринҷӣ, Қазоқистон 3 медали биринҷӣ, Туркманистон 1 медали биринҷӣ, Ҷумҳурии Корея 1 медали биринҷӣ ва Ҳиндустон 1 медали биринҷӣ гирифтанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018, гуштии юнонию румӣ. Натиҷаҳои рӯзи аввали мусобиқот, 27 феврал.


55кг
1) Шота Танокура (Ҷопон)

2) Жоламан Шаршенбеков (Қирғизистон)
3) Кумар Раҷендер (Ҳиндустон)
3) Хорлан Жаканша (Қазоқистон)

63кг
1) Элмурод Тошмуродов (Узбакистон)

2) Урматбек Аматов (Қирғизистон)
3) Мирамбек Айнагулов (Қазоқистон)
3) Докуанг Ҷунг (Ҷумҳурии Корея)

77кг
1) Бин Янг (Чин)

2) Муҳаммадалӣ Гиройӣ (Эрон)
3) Мақсад Ережепов (Қазоқистон)
3) Шермет Перманов (Tуркманистон)

87кг
1) Ҳусейн Аҳмад Нурӣ (Эрон)

2) Масато Суми (Ҷопон)
3) Азат Бейшебеков (Қирғизистон)
3) Фей Пенг (Чин)

130кг
1) Беҳном Меҳдизода (Эрон)

2) Муъминҷон Абдуллоев (Узбакистон)
3) Хаоминг Ние (Чин)
3) Мурод Раҳмонов (Қирғизистон)

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар Қасри варзиши ба номи Кожомкули Бишкек то рӯзи 4-уми март идома меёбад, варзишгарон барои 30 маҷмуи медалҳо оид ба гуштии юнонию румӣ, гуштии озод ва гуштии занона мубориза мебаранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии озод таҳти раҳбарии сармураббӣ Абдурозиқ Олимов даҳ варзишгар дохил аст. Дар қатори паҳлавонони маъруф, ба монанди Баҳодур Қодиров (86 кг), Искандари Рустам (97 кг), Фарҳод Анақулов (125 кг), инчунин гуштигирони ҷавон - Ҳикматулло Воҳидов (57 кг), Ҷамшед Шарифов (61 кг), Абдулқосим Файзиев (65 кг), Ғуломҷон Шарифов (70 кг), Сорбон Абдулҳаев (74 кг), Усмони Қосим (79 кг) ва Комилҷони Сафаралӣ (92 кг) – дар рақобатҳо ширкат меварзанд.

XS
SM
MD
LG