Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми терроризм дар Петербург


Афсари хадамоти амнияти Русия
Афсари хадамоти амнияти Русия

Додгоҳи ноҳияи Калининскии Санкт-Петербург шаҳрванди Тоҷикистон Аминҷон Хоҷаевро дар иртибот бо терроризм боздошт кард,- хабар дод "Интерфакс" рӯзи 26 феврал.

Дафтари матбуоти додгоҳ рӯзи душанбе гуфт, ки боздошти пешакии Хоҷаев то 21 апрел идома мекунад. Ӯро ба "тамрин барои фаъолиятҳои террористӣ" гумонбар медонанд.

Пеш аз ин бахши Хадамоти амнияти федеролии Русия дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград гуфт, ки рӯзи 22 феврал як марди зодаи Осиёи Марказиро бо ҷурми омода кардани амалиёти террористӣ дар Петербург боздошт кард. Дар изҳороти Хадамот омадааст, ки боздоштшуда амалиёти террористӣ дар нақлиёти умумӣ ва ҷойҳои серодамро барномарезӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG