Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин ҷаҳаннам дар заминро манъ кунед"- гуфт Гутераш дар бораи Ғута


Антонио Гутераш - Дабири кулли СММ
Антонио Гутераш - Дабири кулли СММ

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутераш аз тарафҳои ҷанги шаҳрвандии Сурия даъват кард, ки отшбаси 30-рӯзаро "оҷилан" дар саросари кишвар татбиқ кунанд. Гутераш дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи солонаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфт, созмонҳои хайрия барои интиқоли кӯмаки башардӯстона ва берун овардани маҷрӯҳон аз Ғутаи Шарқии таҳти назари шӯришгарон, омода шудаанд.

Шарҳи Дабири кулл дар ҳолест, ки рӯзи 24 феврал Шӯрои амнияти СММ қатъномаи оташбаси оҷили як моҳа дар Сурияро қабул кард, то созмонҳои хайрия имкон ёбанд, ки ба манотиқи ҷангзада дорӯворӣ фиристанд ва захмиҳоро берун оранд.

Қатънома дар ҳоле қабул шуд, ки ба гуфтаи фаъолон, дар натиҷаи бомбаборони шадиди якҳафтаина беш аз 500 нафар кушта шуд.

Сухангӯӣ СММ дар умури ҳуқуқи башар Зайд Раад ал-Ҳусейн гуфт, бомбаборон субҳи 26 феврал низ идома дошт. Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, ки авзо дар Ғута нигаронкунанда аст, зеро "террористҳо" мардуми мулкиро ҳамчун "гаравгон" истифода мекунанд.

XS
SM
MD
LG