Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи "Истиқлол" бар "Сурхон" дар Тошканд


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозии охирини санҷишӣ дар Тошканд бар тими лигаи аввали Узбакистон - «Сурхон»-и Тирмиз - бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.

Бозии панҷуми санҷишии “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар пойтахти Узбакистон 25-уми феврал дар майдони Академияи бошгоҳи футболи «Бунёдкор» баргузор шуд.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба нафъи “Сурхон” хотима ёфт. Ҳисобро легионери “Истиқлол” Сергей Тихоноветский дар дақиқаи 2-юм боз кард. Вале баъди 13 дақиқа Сардор Эминов ҳисобро баробар намуд. Вай голи дувуми “Сурхон”-ро дар дақиқаи 22-юм зад. Дар нимаи дувуми бозӣ Артём Барановский, Шериддин Бобоев ва Дилшод Восиев ба дарвозаи “Сурхон” се гол зада, бозиро ба фоидаи “Истиқлол” бо ҳисоби 4:2 ба поён расонданд.

Бозии санҷишӣ

"Сурхон" - "Истиқлол" - 2:4

Голҳо:Сергей Тихоноветский , 2 (0:1). Сардор Эминов, 15 (1:1). Сардор Эминов, 22 (2:1). Артём Барановский, 55 (2:2). Шериддин Бобоев, 75 (2:3). Дилшод Восиев, 80 (2:4).

"Истиқлол": Никола Стошич, Сиёвуш Асроров (Алишер Шарипов, 86), Аҳтам Назаров, Артём Барановский (Даврон Эргашев, 56), Ромиш Ҷалилов (Александр Гарбар, 58), Амирбек Ҷӯрабоев (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Сергей Тихоноветский, Фатҳулло Фатҳуллоев (Шаҳром Сулаймонов, 82), Муҳаммадҷони Ҳасан (Нозим Бобоҷонов, 46), Николай Зенко (Шериддин Бобоев, 46), Кондрахин (Дилшод Восиев, 46, Комрон Турсунов, 82).
Сардовар: Абдурашид Худойбердиев (Тошканд).
Огоҳонида шуданд: Фарҳод Тоҷиев ("Сурхон"), Ромиш Ҷалилов, Аҳтам Назаров ("Истиқлол").
25 феврал. Тошканд. Майдони футболи Академияи "Бунёдкор".

Ёдовар мешавем, пеш аз ин дидор, “Истиқлол” дар ду бозии санҷишӣ дар Тошканд аз тими «Қӯқанд-1912»-и Қӯқанд ва “Суғдиён”-и Ҷиззах, ки дар Суперлигаи футболи Узбакистон бозӣ мекунанд, бо ҳисоби якхелаи 0:2 шикаст хӯрда, дар бозии севум бар тими лигаи аввал «Оқтеппа»-и Тошканд бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуда буд. Бозии чоруми санҷиширо бо тими «Қизилқум»-и Зарафшон, ки дар Суперлигаи Узбакистон бозӣ мекунад, бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.

Натиҷаҳои бозиҳои санҷишии «Истиқлол» дар Тошканд:

18 феврал (якшанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Қӯқанд-1912» (Қӯқанд, Узбакистон) – 0:2

20 феврал (сешанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Суғдиён» (Ҷиззах,Узбакистон) – 0:2

21 феврал (чоршанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Оқтеппа» (Тошканд, Узбакистон) – 5:3

23 феврал (ҷумъа) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Қизилқум» (Зарафшон, Узбакистон) – 1:1

25 феврал (якшанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Сурхон» (Тирмиз, Узбакистон) – 4:2.

Бояд гуфт, ки бозиҳои санҷишӣ бо тимҳои Узбакистон дар Тошканд барои “Истиқлол” як марҳилаи омодагии даста ба мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё маҳсуб мешуданд.

Қаҳрамони Тоҷикистон нахустин бозиашро дар ин мусобиқот дар гурӯҳи «D» рӯзи 7-уми март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо тими “Аҳал”-и Балканобод, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Туркманистон, анҷом медиҳад. Ба гурӯҳи «D», инчунин дастаҳои «Олой»-и Қирғизистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон шомиланд.

Дастаи “Истиқлол”, ки баъди хотимаи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Тошканд шаби якшанбеи 25-уми феврал ба ватан баргашт, ба бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон омодагӣ мебинад.

Бозӣ барои Суперҷом миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони кишвар ва "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, барандаи Ҷоми Тоҷикистон, рӯзи 2-юми март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG