Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, бозии санҷиширо бо тими «Қизилқум»-и Зарафшон, ки дар Суперлигаи футболи Узбекистон бозӣ мекунад, бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.
Бозии панҷуми санҷишии “Истиқлол” муқобили тими лигаи аввали Узбекистон - «Сурхон»-и Тирмиз - 25-уми феврал дар Тошканд, дар майдони Академияи бошгоҳи футболи «Бунёдкор», баргузор мешавад.
Бозии чоруми санҷишии “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев муқобили тими «Қизилқум» 23-юми феврал дар Тошканд, дар варзишгоҳи «Ҷар», дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста, ки дар пойтахти Узбекистон 26-уми феврал ба поён мерасад, баргузор шуд.
Ҳарду гол баъди танаффус, дар нимаи дувуми бозӣ, зада шуд. Ҳисобро легионери “Истиқлол” Николай Зенко дар дақиқаи 67-ум боз кард. Вале баъди даҳ дақиқа Эркин Байдуллоев ҳисобро баробар намуд.
Дарвоқеъ, ин бозиро дар варзишгоҳи “Ҷар” сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов тамошо кард. Ӯ ба бозии футболбозони тими “Истиқлол”, ки аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳастанд, таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Бозии санҷишӣ
«Қизилқум» - «Истиқлол» - 1:1
Голҳо: Николай Зенко, 67 (0:1). Эркин Байдуллоев, 77 (1:1).
«Истиқлол»: Никола Стошич, Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Артём Барановский, Ромиш Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷони Ҳасан (Нозим Бобоҷонов, 46), Сергей Тихоноветский, Фатҳулло Фатҳуллоев (Шаҳром Сулаймонов, 68, Даврон Эргашев, 74), Дилшод Восиев (Шериддин Бобоев, 65), Николай Зенко (Комрон Турсунов, 84).
Сардовар: Акрам Рисқуллоев (Тошканд).
23 феврал. Тошканд. Варзишгоҳи «Ҷар».
Ёдовар мешавем, пеш аз ин дидор, “Истиқлол” дар ду бозии санҷишӣ дар Тошканд аз тими «Қӯқанд-1912»-и Қӯқанд ва “Суғдиён”-и Ҷиззах, ки дар Суперлигаи футболи Узбекистон бозӣ мекунанд, бо ҳисоби якхелаи 0:2 шикаст хӯрда, дар бозии севум бар тими лигаи аввал - «Оқтеппа»-и Тошканд - бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуда буд.
Бозии панҷуми санҷишии “Истиқлол” муқобили тими лигаи аввали Узбекистон - «Сурхон»-и Тирмиз - 25-уми феврал дар Тошканд, дар майдони Академияи бошгоҳи футболи «Бунёдкор», баргузор мешавад.
Бозиҳои санҷишии «Истиқлол» дар Тошканд:
18 феврал (якшанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Қӯқанд-1912» (Қӯқанд, Узбекистон) – 0:2
20 феврал (сешанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Суғдиён» (Ҷиззах,Узбекистон) – 0:2
21 феврал (чоршанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Оқтеппа» (Тошканд, Узбекистон) – 5:3
23 феврал (ҷумъа) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Қизилқум» (Зарафшон, Узбекистон) – 1:1
25 феврал (якшанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Сурхон» (Тирмиз, Узбекистон).
Бояд гуфт, ки бозиҳои санҷишӣ бо тимҳои Узбекистон дар Тошканд барои “Истиқлол” як марҳилаи омодагии даста ба мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё маҳсуб мешаванд.
Қаҳрамони Тоҷикистон нахустин бозиашро дар ин мусобиқот дар гурӯҳи «D» рӯзи 7-уми март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо тими “Аҳал”-и Балканобод, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Туркманистон, анҷом медиҳад. Ба гурӯҳи «D», инчунин дастаҳои «Олой»-и Қирғизистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон шомиланд.