Нӯъмонҷон Юсупов, собиқ мураббии калони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, сармураббии тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд таъйин шуд.
Нуъмонҷон Юсупов мураббии дорои муҷаввизи "А"-и Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) аст.
Ӯ дар ин вазифа Рустам Хоҷаевро, ки ҳамчун сармураббӣ ҳамагӣ як сол дар «Хуҷанд» кор кардааст, иваз намуд. Хоҷаев ба иллати натиҷаҳои ғайриқаноатбахши “Хуҷанд” дар бозиҳои плей-оффи Ҷоми AFC-2018 муқобили тими “Аҳал”-и Балканободи Туркманистон аз вазифааш сабукдӯш шудааст.
«Хуҷанд» бо раҳбарии Рустам Хоҷаев, мутахассиси 45-солаи тоҷик, собиқ нимҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 2017 сармураббии даста таъин шуда буд, соли гузашта медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишварро ба даст оварда, инчунин барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидааст. Рустам Хоҷаев аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2017 беҳтарин мураббии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон эътироф шуда буд.
Сармураббии нави “Хуҷанд” Нӯъмонҷон Юсуфов рӯзи 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад ва рӯзи душанбе ба аъзои дастаи “Хуҷанд” ба ҳайси сармураббӣ муаррифӣ мешавад. Ба қавли ӯ, ҳамчунин Мурод Умаров, собиқ мудири бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, ба ҷойи Шавкат Иброҳимов мудири бошгоҳи “Хуҷанд” таъйин гардидааст.
“Мо ба бозии Суперҷоми Тоҷикистон, ки бо тасмими Федератсияи футболи кишвар рӯзи 2-юми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 16:00 шуруъ мешавад, омодагӣ мебинем. Рақиби дастаи “Хуҷанд”, барандаи Ҷоми Тоҷикистон, тими “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони кишвар, мебошад”, - гуфт Нуъмонҷон Юсупов.
Нӯъмонҷон Юсупов 24-уми апрели соли 1973 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Дар дастаҳои «Ситора» (Душанбе) ва «БДА» (Душанбе) бозӣ кардааст. Дар ҳайати “Ситора” ду бор (солҳои 1993 ва 1994) каҳрамони кишвар ва соли 1993 барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидааст.
Баъдан ба кори мураббигӣ пардохт. Аз соли 1999 то 2005 дастаҳои бачагонаи мактабҳои футболи «Алмосӣ» ва ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-ро машқ додааст. Солҳои 2006-2007 сармураббии «Ҳосилот» (Данғара), солҳои 2007-2008 сармураббии ҳайати дувуми ССКА «Помир» (Душанбе), соли 2009 сармураббии ССКА «Помир», солҳои 2010-2011 сармураббии «Сабо» (Шаҳринав), солҳои 2012-2013 сармураббии ҳайати ҷавонони «Истиқлол», баъди анҷоми давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии кишвар соли 2013 мураббии калони «Истиқлол» буд.
Вай солҳои 2014 -2016 вазифаи сармураббии “Хуҷанд”-ро ба зимма дошт. Таҳти раҳбарии ӯ “Хуҷанд” соли 2015 барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон гардида, дар Ҷоми AFC-2016 ширкат кардааст. Соли 2016 мураббии калони “Истиқлол” буд.
Нӯъмонҷон Юсупов ба ҳайси мураббии калон дар ҳайати «Истиқлол» бо ҷоизаҳои мусобиқоти қаҳрамонии кишвар ва медали тиллои Ҷоми Тоҷикистон сарфароз гаштааст. Инчунин ҳамчун сармураббии дастаи «Сабо»-и ноҳияи Шаҳринав соли 2012 дар мусобиқоти лигаи якуми футболи Тоҷикистон бо медали биринҷӣ мукофотонида шудааст. Аз соли 2003 то 2013 дар дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар вазифаҳои мураббии калон ва сармураббӣ кор кардааст. Ӯ мураббии дорои муҷаввизи «А»-и Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) мебошад.