Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони Комроншоҳи Устопириён ва Беҳрӯз Хоҷазода маълум шуданд


Рақибони паҳлавонони тоҷик дар даврҳои муқаддамотии мусобиқоти байналмилалии ҷудо бо номи “Тоскӯлоҳи бузург”, ки 23-юми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон шуруъ шуд, маълум гардиданд.

Чунонки вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, мусобиқоти байналмилалии “Тоскӯлоҳи бузург” дар Токио бо ширкати 441 варзишгар (270 марду 171 зан) аз 65 кишвари панҷ қитъаи олам дар Дюсселдорф то рӯзи 25-уми феврал идома хоҳад кард.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш варзишгар - Беҳрӯзи Хоҷазода, Асадулло Тоҳиров, Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов - дохиланд.

Бар асоси қуръакашӣ Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 73 кило, ки ҳамагӣ 44 нафар иштирок мекунад, дар даври аввал бо барандаи медали биринҷии Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон дар Берлин (2016) Шамил Дзавбатиров аз Олмон қувваозмоӣ менамояд.

Дар ин вазн, инчунин Асадулло Тоҳиров бо қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро (2016), қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон (2013 ва 2015) Шоҳей Оно (Ҷопон) рақобат мекунад.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни зери 81 кило (ҳамагӣ 49 нафар) бо Алфа Умар Ҷало (Фаронса), ки барандаи медали биринҷии мусобиқоти бози Аврупо дар Бухарести Руминия (2017) ва Ҷоми бози Аврупо миёни ҷавонон дар Врослави Полша (2015) мебошад, вориди рақобат мешавад. Рақиби Кароматулло Ҳакимов дар ин вазн дар даври аввал Калонҷӣ Мбуйӣ (Конго) мебошад.

Комроншоҳи Устопириён тибқи қуръакашӣ дар вазни зери 90 кило (ҳамагӣ 46 нафар) дар даври аввал озод аст. Дар даври дувум ӯ бо ғолиби ҷуфти Ҷозе Пералта (Аргентина) – Юрий Мокану (Молдова) рақобат хоҳад кард.

Темур Раҳимов мувофиқи қуръакашӣ дар даври аввал дар вазни зери 100 кило (ҳамагӣ 35 нафар) озод аст. Дар даври дувум рақиби ӯ Бенҷамин Флетчер (Ирландия) мебошад, ки вай имсол дар Гран-при дар Тунис мақоми аввал ва соли гузашта дар мусобиқоти бози Осиё дар Ҳонгконг ғолиб шудааст.

Ба ин тартиб, чор гуштигири тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода, Асадулло Тоҳиров, Кароматулло Ҳакимов ва Ҷаҳонгир Маҷидов – имрӯз, 24-уми феврал, ду нафари дигар - Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов – рӯзи якшанбе, 25-уми феврал, рақобат мекунанд.

Дар рӯзи аввали мусобиқот - 23-юми феврал - ғолибон дар се вазн – 48, 52 ва 57 кг – миёни занон ва дар ду вазн – 60 ва 66 кг – байни мардон маълум шуданд.

Ғолибон ва ҷоизадорон:

Мардон

60 кг

1. НАГАЯМА Руи (Ҷопон)

2. МШВИДОБАДЗЕ Роберт (Русия)

3. ЧХВИМИАНИ Лухуми (Гурҷистон)

3. ТАКАБАТАКЕ Эрик (Бразилия)

66 кг

1. ТАГАВА Кензо (Ҷопон)

2. ЗАНТАРАЯ Георгия (Украина)

3. БАТТОГТОХ Ерхембайер (Муғулистон)

3. ШМАИЛОВ Баруч (Исроил)

Занон

48 кг

1. БИЛОДИД Даря (Украина)

2. КСЕРНОВИКЗКИ Ева (Венгрия)

3. КЛЕМЕНТ Мелани (Фаронса)

3. НИКОЛИЧ Милика (Сербия)

52 кг

1. ШИШИМЕ Аи (Ҷопон)

2. ПИЕНКОВСКА Каролина (Полша)

3. ЛОПЕЗ ШЕРИФФ Эстрелла (Испания)

3. ВАН СНИК Чарлин (Белгия)

57 кг

1. СМИТ-ДАВИС Некода (Британияи Кабир)

2. КАРАКАС Хедвиг (Венгрия)

3. ЛХАГВАТОГОО Енхриилен (Муғулистон)

3. КИСИКУЕ Сара Леони (Фаронса)

Имрӯз, 24-уми феврал, барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 ва 70 кг миёни занон ва 73 ва 81 кг – байни мардон муайян хоҳанд шуд. Мусобиқот рӯзи якшанбе, 25-уми феврал, бо қувваозмоиҳо дар ду вазн - 78 ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн - 90, 100 ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.

Бояд тазаккур дод, Дюсселдорф, ки солҳои тӯлонӣ мизбони мусобиқоти ҷаҳонӣ аз силсилаи Гран-прии ҷудо буд, аз моҳи феврали имсол барои аввалин бор мусобиқотро дар мақоми нав баргузор мекунад. «Тоскӯлоҳи бузург» ҳамчун яке аз давраҳои мусобиқоти пурнуфузи байналмилалӣ, ки рейтинги баландтар дорад, дар ин шаҳри Олмон баргузор шудааст.

Мусобиқот дар толори нави бузургтарини варзишӣ– ISS Dome, ки дорои 15 ҳазор ҷойгоҳ барои тамошогарон аст ва дар онҷо бозиҳои лигаи ҳоккей барпо мегарданд, ҷараён дорад. Зимнан, мусобиқот дар Дюсселдорф баъди «Тоскӯлоҳи бузург» дар Парижи Фаронса дувумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор меравад.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо бо номи “Grand-Prix Dusseldorf 2017”, ки моҳи феврали соли гузашта дар Дюсселдорфи Олмон баргузор шуда буд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш гуштигир шомил буд: Асадулло Тоҳиров (-66 кг), Акмал Муродов, Сафарбек Муродов (ҳарду – 81 кг), Комроншоҳи Устопириён, Муртазо Аминов (ҳарду – 90 кг) ва Абдулваҳҳоб Сатторов (-100 кг). Вале онҳо аз медалҳои мусобиқот бенасиб монданд.

“Тоскӯлоҳи бузург” дар Дюсселдорфи Олмон барои варзишгарони тоҷик дувумин мусобиқоти байналмилалӣ дар мавсими имсола ба шумор меравад.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти бози ҷудои Аврупо миёни мардон (European Judo Open Men), ки рӯзҳои 17-18-уми феврал дар шаҳри Оберварти Австрия баргузор шуд, бе медал монданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот се паҳлавони ҷавон –Мирзоҷамил Рамазонов (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг) ва Темур Раҳимов (-100 кг) - намояндагӣ карда, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

XS
SM
MD
LG