Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар қаҳрамонии футболи Тоҷикистон 8 даста ширкат меварзад


Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 10-уми март оғоз меёбад. Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ), дар мавсими нав дар мусобиқоти лигаи олӣ, ки имсол барои бори 27-ум барпо мегардад, монанди соли гузашта 8 даста ширкат меварзад.

Бар асоси қуръакашии тақвими бозиҳои мусобиқоти имсола, ки рӯзи 22-юми феврал доир шуд, дар даври аввал чаҳор бозӣ миёни дастаҳои «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ), ССКА «Помир» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) ва «Барқчӣ» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) сурат мегирад.

Мусобиқоти имсола низ аз се давра иборат аст. Ҳар як даста 21 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки аз рӯи натиҷагирии мавсим ҷойи охиринро мегирад, лигаи олиро тарк менамояд. Дастае, ки ҷойи ҳафтумро ишғол мекунад, дар охири мавсим барои нигоҳ доштани мавқеаш дар лигаи олӣ бо ҷоизадори нуқраи лигаи аввал мубориза мебарад.

Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, тақвими комили бозиҳои ду даври аввали мусобиқоти қаҳрамонии кишвар баъди тасдиқи он нашр мешавад. Қуръакашии давраи севуми мусобиқот баъди хотимаи давраи дувум доир хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, мусобиқоти соли гузашта бо пирӯзии дастаи "Истиқлол" анҷом ёфта буд. Футболбозони Душанбе барои бори шашум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Дастаи “Хуҷанд”, ки ҷойи дувумро касб намуд, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи ССКА “Помир” гардид.

Бар асоси қуръакашӣ ҷуфтҳои чор даври аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2018 чунин аст:

Даври 1-ум

«Панҷшер» – «Кӯктош»

ССКА «Помир» – «Хуҷанд»

«Хатлон» – «Истиқлол»

«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ»

Даври 2-юм

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

«Истиқлол» – «Барқчӣ»

«Хуҷанд» – «Хатлон»

«Панҷшер» – ССКА «Помир»

Даври 3-юм

ССКА «Помир» – «Кӯктош»

«Хатлон» – «Панҷшер»

«Барқчӣ» – «Хуҷанд»

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

Даври 4-ум

«Кӯктош» – «Истиқлол»

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»

«Панҷшер» – «Барқчӣ»

ССКА «Помир» – «Хатлон»

XS
SM
MD
LG