Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи паҳлавонони тоҷик барои “Тоскӯлоҳи бузург” дар Олмон


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо бо номи “Тоскӯлоҳи бузург”, ки рӯзҳои 23-25-уми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт варзишгар дохил аст: Беҳрӯзи Хоҷазода, Асадулло Тоҳиров (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Кароматулло Ҳакимов, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни зери 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (дар вазни зери 90 кг), Саидҷалол Саидов ва Темур Раҳимов (ҳарду дар вазни зери 100 кг).

Бояд тазаккур дод, Дюсселдорф, ки солҳои тӯлонӣ мизбони мусобиқоти ҷаҳонӣ аз силсилаи Гран-прии ҷудо буд, аз моҳи феврали имсол барои аввалин бор мусобиқотро дар мақоми нав баргузор мекунад. Ҳамакнун «Тоскӯлоҳи бузург» ҳамчун яке аз давраҳои мусобиқоти пурнуфузи байналмилалӣ, ки рейтинги баландтар дорад, дар ин шаҳри Олмон баргузор мешавад.

Мусобиқот дар толори нави бузургтарини варзишӣ– ISS Dome, ки дорои 15 ҳазор ҷойгоҳ барои тамошогарон аст ва дар онҷо бозиҳои лигаи ҳоккей барпо мегарданд, сурат мегирад. Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) аз рӯи ҳисоби пешакӣ дар мусобиқоти «Тоскӯлоҳи бузург» иштироки беш аз 500 варзишгар аз 71 кишвар дар назар аст.

Зимнан, мусобиқот дар Дюсселдорф баъди «Тоскӯлоҳи бузург» дар Парижи Фаронса дувумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор меравад.

Имрӯз, 23-юми феврал, занон дар се вазн – 48, 52 ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 ва 66 кг – рақобат мекунанд. Рӯзи шанбе, 24-уми феврал, барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 ва 70 кг миёни занон ва 73 ва 81 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд. Мусобиқот рӯзи якшанбе, 25-уми феврал, бо қувваозмоиҳо дар ду вазн - 78 ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн - 90, 100 ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.

Ба ин тартиб, чор гуштигири тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода, Асадулло Тоҳиров, Кароматулло Ҳакимов ва Ҷаҳонгир Маҷидов - рӯзи шанбе, 24-уми феврал, се нафари дигар - Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Темур Раҳимов – рӯзи якшанбе, 25-уми феврал – рақобат мекунанд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо бо номи “Grand-Prix Dusseldorf 2017”, ки моҳи феврали соли гузашта дар Дюсселдорфи Олмон баргузор шуда буд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш гуштигир шомил буд: Асадулло Тоҳиров (-66 кг), Акмал Муродов, Сафарбек Муродов (ҳарду – 81 кг), Комроншоҳи Устопириён, Муртазо Аминов (ҳарду – 90 кг) ва Абдулваҳҳоб Сатторов (-100 кг). Аз байни онҳо танҳо Комроншоҳи Устопириён натиҷаи нисбатан хубтар нишон дод ва бо ду пирӯзӣ ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд.

“Тоскӯлоҳи бузург” дар Дюсселдорфи Олмон барои варзишгарони тоҷик дувумин мусобиқоти байналмилалӣ дар мавсими имсола ба шумор меравад.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти бози ҷудои Аврупо миёни мардон (European Judo Open Men), ки рӯзҳои 17-18-уми феврал дар шаҳри Оберварти Австрия баргузор шуд, бе медал монданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот се паҳлавони ҷавон – Мирзоҷамил Рамазонов (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг) ва Темур Раҳимов (-100 кг) - намояндагӣ карда, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

XS
SM
MD
LG