Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Монтенегро номи ҳамлагари сафорати Амрикоро эълон кард


Додситони кули Монтенегро Лепа Меденитса ва муовини раиси пулис Енис Бакович дар нишасти матбуотӣ - 22 ферал, 2018
Додситони кули Монтенегро Лепа Меденитса ва муовини раиси пулис Енис Бакович дар нишасти матбуотӣ - 22 ферал, 2018

Як зодаи Сербистон нимашаби 22 феврал ба бинои сафорати Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар Подгоритса, пойтахти Монтенегро, маводи мунфаҷира партофт ва сипас худашро тарконд. Дар ин бора мақомоти ин кишвари Балкан хабар доданд.

Мақомоти Амрико ва Монтенегро гуфтанд, дар ин ҳодиса, ки соати 12:30 ба вуқӯъ пайваст ҳеҷ кас дар сафорат осеб надид.

Чанд соат баъд додситонӣ ва пулис эълон карданд, ки ҳуввияти ҳамлагарро мушаххас шуд ва ӯ зодаи Сербистон Далибор Яукович, соли таваллудаш 1976 будааст. Маводи таркандае, ки ӯ ба сӯи сафорат партофт норинҷаки дастӣ буд ва FBI ба тафтиши қазия ҳамроҳ шудааст.

Мақомоти пулиси дар сӯҳбати бидуни микрафон ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки номи хонаводагии ин мард Яукович аст ва ӯ дар Подгоритса зиндагӣ мекард.

Дар саҳифаи Фейсбукии Яукович дар баробари аксҳои дигар, акси ҷойиза барои хизмат дар артиши Югославия, соли 1999 аст, ки онро зоҳиран нерӯмандтарин марди Сербистон - Слобадан Милошевич имзо кардааст. Мақомот ин ҷоизаро то ҳол раман тасдиқ накардаанд

XS
SM
MD
LG