Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи ҷасади донишҷӯи туркман дар Украина идома дорад. ВИДЕО


Муқаддас Носиралиева
Муқаддас Носиралиева

Дар шаҳри Киев, пойтахти Украина ҷустуҷӯи ҷасади донишҷӯи туркманистонӣ Муқаддас Носиралиева, ки худро аз болои пул ба дарё андохт, идома дорад. Бино ба фарзияҳои пешакӣ, Носиралиева дар пайи як мушкили донишгоҳӣ даст ба худкушӣ задааст.

Дар худкушии ӯ раҳбарияти Донишгоҳи тиббии Киев айбдор мешавад. Дар додситонии Киев гуфтанд, ки Носиралиева 30 январ аз донишгоҳ берун шуда, ба метро нишаста ва сипас худро ба дарёи Днепр андохтааст. Ин ҳамаро дурбинҳои назоратӣ сабт кардаанд.

Наздикони Муқаддас: "Сабаби худкушӣ бадрафтории устодон аст, на ишқи ноком"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

"Мо тамоми гузинаҳои эҳтимолӣ ва ҳамаи ҷуқуриҳоро дидем, вале мутаассифона, ҷасадро пайдо накардем", - гуфт муовини сардори Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина Юрий Билетский.

Хонаводаи донишҷӯ мегӯянд, дар худкушии Носиралиева раҳбарияти донишгоҳ айбдор аст. Зеро ба гуфтаи онҳо, раҳбарияти донишгоҳ зери санаде, ки донишҷӯ бар пояи он метавонист, муҳлати анҷомшудаи раводид (виза)-и худро дубора тамдид кунад, имзо нагузоштаанд.

XS
SM
MD
LG