Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон қонуни "мораторий"-ро имзо кард


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 22-юми феврал чанд қонунеро, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ қабул ва пуштибонӣ намуда буданд, ба имзо расонд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон қонунҳо "Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, "Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», "Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он", оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва Кодекси гумрукро имзо кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳудуди як моҳ қабл тайи фармоне дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ соидр кард, ки тибқи он ба ҳама намудҳои фаъолиятҳои соҳибкорӣ ба ҷуз санҷишҳои нақшавии мақомоти Оҷонсии зидди фасод, Додситонии кулл, Бонки миллӣ, Палати ҳисоб ва Кумитаи андоз, ба муддати ду сол мораторий эълон шуд. ​Ҳадаф аз ин мораторий пуштибонии давлатии соҳибкорӣ дар бахши истеҳсолӣ гуфта шудааст.

XS
SM
MD
LG