Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъвизагӯи телевизионӣ дар синни 99-солагӣ даргузашт


Билли Грэм
Билли Грэм

Билли Грэм маъвизагӯи машҳури телевизионӣ, ки мушовири бисёр сиёсатмадорон ва раисони ҷумҳури Амрико буд, рӯзи 21 феврал дар синни 99-солагӣ аз дунё даргузашт. Дар ин бора намояндаи расмии Грэм хабар дод.

Билли Грэм, ки аз ҷаззобияти хосе бархурдор буд, миллионҳо мухлис дошт ва аз чеҳраҳои бисёр бонуфӯз ба шумор меомад. Ӯ ҳангоми маъвизахонӣ рӯи саҳна ҳаракат мекард, китоби Инҷилро баланд мебардошт ва Исои Масеҳро ҳалли мушкили исноният меномид. Ҳамчун мавизагӯи инҷилӣ, Грэм эҳтимол бузургтарин теъдоди шунавандагонро дар ихтиёр дошт, ки шуморашон ба миллионҳо мерасид.

Бисёр президентҳои Ийолоти Муттаҳидаи Амрико - аз Ҳарри Труман то Барак Обама аз Билли Грэм машварат мегирифтанд. Дар сериали "Тоҷ" (шарҳи ҳоли малика Елизавета), ки ахиран рӯи пардаи синамо омад, Грэм ҳамчун раҳнамои маънавии шоҳи ҷавони Британия муаррифӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG