Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” тими “Оқтеппа”-ро дар Тошканд шикаст дод


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозии санҷишӣ тими «Оқтеппа»-и Тошкандро, ки дар лигаи аввали футболи Узбакистон бозӣ мекунад, бо ҳисоби 5:3 мағлуб кард.

Бозии севуми санҷиширо “Истиқлол” бо тими “Оқтеппа” имрӯз, 21-уми феврал, дар шаҳри Тошканд, дар майдони Академияи бошгоҳи футболи «Бунёдкор», дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста, ки дар пойтахти Узбакистон то рӯзи 26-уми феврал идома меёбад, баргузор кард.

Чаҳор голи “Истиқлол”-ро Шериддин Бобоев ва як голи дигарро Амирбек Ҷӯрабоев ба ҳадаф расонданд. Голҳои “Оқтеппа”-ро Павел Соломин, Сарвар Сафаров ва Шоҳрух Ҳикматов заданд. Бошгоҳи футболи “Оқтеппа”-и Тошканд соли 2000-ум таъсис ёфтааст. Натиҷаи беҳтаринаш дар лигаи аввали Узбакистон мақоми чорум дар мавсими соли 2014 мебошад.

Бозии санҷишӣ

«Оқтеппа» - «Истиқлол» - 3:5

Голҳо: Павел Соломин, 12 (1:0). Сарвар Сафаров, 20 (2:0). Шериддин Бобоев, 27 (2:1). Шериддин Бобоев, 29 (2:2). Шоҳрух Ҳикматов, 44 (3:2). Амирбек Ҷӯрабоев, 62 (3:3). Шериддин Бобоев, 66 (3:4). Шериддин Бобоев, 80 (3:5).

Аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф нарасонд: Ирисдавлат Ҳакимов («Оқтеппа») - 90 (дарвозабон тӯбро баргардонд).

«Истиқлол»: Беҳрӯз Хайриев (Меҳвар Сулаймонов, 46), Александр Гарбар, Алишер Шарипов, Ойбек Абдуғаффоров, Даврон Эргашев, Аҳтам Назаров (Табрези Давлатмир, 46), Шаҳром Сулаймонов, Эҳсони Панҷшанбе (Амирбек Ҷӯрабоев, 46), Нозим Бобоҷонов (Муҳаммадҷони Ҳасан, 46), Шериддин Бобоев, Комрон Турсунов (Дилшод Восиев, 55).

Огоҳонида шуданд: Сарвар Сафаров («Оқтеппа»), Табрези Давлатмир, Даврон Эргашев («Истиқлол»).

21 феврал. Тошканд. Майдони футболи Академияи «Бунёдкор».

Ёдовар мешавем, пеш аз ин дидор, “Истиқлол” дар ду бозии санҷишӣ дар Тошканд аз тими «Қӯқанд-1912»-и Қӯқанд ва “Суғдиён”-и Ҷиззах, ки дар Суперлигаи футболи Узбакистон бозӣ мекунанд, бо ҳисоби якхелаи 0:2 шикаст хӯрда буд.

Бозии чоруми санҷишии “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев муқобили тими «Қизилқум»-и Зарафшони Узбакистон 23-юми феврал дар Тошканд, дар майдони Академияи бошгоҳи футболи «Бунёдкор», баргузор мешавад.

Бозиҳои санҷишии «Истиқлол» дар Тошканд:

18 феврал (якшанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Қӯқанд-1912» (Қӯқанд, Узбакистон) – 0:2

20 феврал (сешанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Суғдиён» (Ҷиззах,Узбакистон) – 0:2

21 феврал (чоршанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Оқтеппа» (Тошканд, Узбакистон) – 5:3

23 феврал (ҷумъа) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Қизилқум» (Зарафшон, Узбакистон)

25 феврал (якшанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Сурхон» (Тирмиз, Узбакистон).

Бояд гуфт, ки бозиҳои санҷишӣ бо тимҳои Узбакистон дар Тошканд барои “Истиқлол” як марҳилаи омодагии даста ба мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё маҳсуб мешаванд.

Қаҳрамони Тоҷикистон нахустин бозиашро дар ин мусобиқот дар гурӯҳи «D» рӯзи 7-уми март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо тими “Аҳал”-и Балканобод, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Туркманистон, анҷом медиҳад. Зимнан, “Аҳал” дар бозиҳои плей-оффи Ҷоми AFC дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби умумии 3:0 (бозии аввал - 1:0, бозии ҷавобӣ - 2:0) шикаст дод. Ба гурӯҳи «D» ба ҷуз «Истиқлол» ва “Аҳал”, «Олой»-и Қирғизистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон шомиланд.

Ҷоми AFC-2018

Гурӯҳи «D». Минтақаи Марказӣ

Даври 1-ум

7 март (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Аҳал» (Туркманистон)

«Олой» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2-юм

14 март (чоршанбе)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 3-юм

11 апрел (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Олой» (Қирғизистон)

«Аҳал» (Туркманистон) - «Алтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4-ум

25 апрел (чоршанбе)

«Олой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Алтин Асир» (Туркманистон) - «Аҳал» (Туркманистон)

Даври 5-ум

2 май (чоршанбе)

«Аҳал» (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

16 май (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Олой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG