Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сатҳи фасодкорӣ дар Қазоқистон ба Озарбойҷон баробар шуд


Шохиси дарки фасод дар Қазоқистон

"Қазоқистон соли 2017 дар Шохиси дарки фасод нуҳ зина боло рафт", - хабар дод созмони Transparency International.

Дар байни 180 кишвар Қазоқистон мақоми 122-юмро гирифт ва аз ҳамсояҳояш амсоли Қирғизистон - 135, Русия - 135, Узбакистон - 157, Тоҷикистон - 161 ва Туркманистон - 167 пеш гузашт.

Дар раддабандии соли 2016 Қазоқистон мақоми 131-ро касб карда, бо Эрон, Непал, Русия ва Украина дар як радиф қарор дошт.

Бар асоси ин раддабандӣ Зеландияи Нав, Дания, Финландия, Норвегия ва Швейтсария дар панҷгонаи аввал шомил шудаанд. Аммо Сомалӣ, Судони Ҷанубӣ, Сурия, Афғонистон ва Яман бадтарин нишондиҳандаро доштаанд.

"Таҳлилҳо нишон доданд, ки фишори созмонҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо ба сатҳи баланди фасодкорӣ рабт дорад. Сарфи назар аз талоши мубориза бо фасод дар саросари ҷаҳон, бисёре аз кишварҳо ба кундӣ ба дастовардҳо ноил мешаванд", - омадааст дар гузориши Transparency International.

Видеоҳои охирин

Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба раҳпаймоии низомӣ дар Эрон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:45 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG