Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар Қазоқистон ғолиб омад


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар бозии санҷишӣ дар Туркия бар тими мунтахаби ҷавонони Қазоқистон (U-19) бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро Ваҳдат Ханонов ба ҳадаф расонд.

Ин бозии охирини санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар доираи омодагии даста ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё, ки аз 18-уми октябр то 4-уми ноябри имсол дар Индонезия баргузор мешавад, рӯзи 19-уми феврал дар Анталияи Туркия баргузор шуд.

Дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) чор бозии санҷишӣ анҷом дод. Футболбозони ҷавони тоҷик пеш аз бозӣ бо мунтахаби ҷавонони Қизоқистон, дар се дидори пешин аз тими «Вайле U-19» (Дания) бо ҳисоби 0:2, аз мунтахаби ҷавонони «Ференсварош U-19» (Маҷористон ё Венгрия) бо ҳисоби 1:3 ва аз мунтахаби ҷавонони Словакия (U-19) бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буданд.

Бозиҳои санҷишӣ

9 феврал (ҷумъа)

Тоҷикистон (U-19) – «Вайле U-19» (Дания) – 0:2

Голҳо: Николай Лебек, 22 (0:1). Рами Айман, 75 (0:2).

13 феврал (сешанбе)

Тоҷикистон (U-19) – «Ференсварош U-19» (Венгрия) – 1:3

Голи Тоҷикистон: Нуриддин Ҳамроқулов.

16 феврал (ҷумъа)

Тоҷикистон (U-19) – Словакия (U-19) – 0:1

19 феврал (душанбе)

Тоҷикистон (U-19) – Қазоқистон (U-19) – 1:0

Гол: Ваҳдат Ханонов.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, дар ҷамъомади таълимиву тамринии даста таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар - ширкат карданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19):

Дарвозабонҳо: Ҳомидҷон Исоқов, Шоҳрух Қирғизбоев (ҳарду – «Барқчӣ»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Султоншо Мирзоев, Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров, Ҳувайдои Гулмурод, Оятулло Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим (ҳама – «Барқчӣ»);

Нимҳимоятгарон: Саидмухтор Азимов, Шервонӣ Мабатшоев, Тоҳир Малодӯстов, Далер Ёдгоров, Абдулмуъмин Забиров (ҳама – «Барқчӣ»), Шарафҷон Солеҳов (ССКА «Помир»), Шаҳзод Раҷабов («Локомотив-Помир»), Самадҷон Шарифов (ССКА «Помир»), Умарҷон Шарипов («Вахш»);

Ҳамлагарон: Атҳамҷон Абдуллоев («Кӯктош»), Шаҳзод Давлатов, Нуриддин Ҳамроқулов, Шаҳром Самиев (ҳарсе – Барқчӣ»).

Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола, ки аз 31-уми октябр то 8-уми ноябри соли гузашта дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор шуд, муқобили тимҳои Бангладеш, Шри-Ланка, Молдив ва Узбакистон рақобат карда, бо 10 имтиёз дар гурӯҳи «В» мақоми аввалро касб намуд ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт.

Ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола, ки аз 18-уми октябр то 4-уми ноябри соли равон дар Индонезия барпо мегардад, ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум роҳхат гирифтаанд.

Ба ҷуз мунтахаби Тоҷикистон, дар марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2018 боз ғолибони 9 гурӯҳи дигар иштирк мекунанд: Имороти Муттаҳидаи Араб (гурӯҳи «A»), Қатар (гурӯҳи «С»), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи «D»), Урдун (гурӯҳи «E»), Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи «F»), Чин (гурӯҳи «G»), Ветнам (гурӯҳи «Н»), Ҷопон (гурӯҳи «I») ва Австралия (гурӯҳи «J»).

Инчунин аз байни дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳи дувумро касб карданд, аз рӯи нишондодҳои беҳтарин панҷ дастаи мунтахаб – Ироқ (гурӯҳи «С»), Тайланд (гурӯҳи «I»), Кореяи Шимолӣ (гурӯҳи «J»), Тайбэйи Чин (гурӯҳи «Н») ва Малайзия (гурӯҳи «F») – ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2018 роҳхат гирифтанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG