Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

70 нишони тиллои варзишгарони 18 кишвар дар Олимпиадаи зимистона


Дар Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ, ки дар Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ ҷараён доранд, баъди натиҷагирии ёздаҳ рӯзи мусобиқот намояндагони 27 кишвар ҳамагӣ 210 медал ба даст овардаанд, аз он ҷумла варзишгарони 18 кишвар 70 нишони тилло гирифтаанд.

Мунтахаби Норвегия, ки то имрӯз, 21-уми феврал, ҳамагӣ 29 медал (11 тилло, 10 нуқра ва 8 биринҷӣ) гирифтааст, дар ҳисоби умумидастаӣ ҳам аз рӯи сифати медалҳо ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо мақоми аввалро касб намудааст.

Олмон, ки 23 медал (11 тилло, 7 нуқра ва 5 биринҷӣ) дорад, дар мақоми дувум аст. Канада бо 19 медал (8 тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҷойи севум, Ҳолланд бо 14 медал (6 тилло, 5 нуқра, 3 биринҷӣ) дар ҷойи чорум ва Фаронса бо 13 медал (5 тилло, 4 нуқра, 4 биринҷӣ) дар ҷойи панҷум мебошанд. ИМА бо 12 медал (5 тилло, 3 нуқра, 4 биринҷӣ) як зина поин - шашум шуд.

Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ дар Олимпиадаи зимистона дар Пхёнчхан варзишгарони Беларус бо 2 медал (1 тилло ва 1 нуқра) дар ҷойи 15-ум, Украина бо 1 медали тилло дар ҷойи 18-ум, Русия бо 11 медал (3 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҷойи 20-ум, Латвия ва Қазоқистон бо як медали биринҷӣ дар ҷойи 25-ум қарор доранд.

Варзишгарони ҳашт кишвари дигари собиқи шӯравӣ то ҳоло медал ба даст наовардаанд. Вале варзишгарони Тоҷикистону Туркманистон дар Олимпиадаи зимистонаи Пхёнчхан иштирок надоранд.

Ҳисоби медалҳо

Мусобиқоти рӯзи чоршанбе, 21-уми феврал

Бобслей. Финал.
Лижаронии кӯҳӣ. Даунхилл. Занон (финал)
Лижаронии кӯҳӣ. Слалом. Мардон (пойгаи 1)
Пойгаи лижаронӣ. Дастаҳо. Спринт
Рақси рӯи ях. Занон (барномаи кӯтоҳ)
Фристайл. Ски-кросс, мардон (финал)
Ҳоккей. Мардон. Чорякфинал: Чехия – ИМА, Русия – Норвегия,
Шветсия— Олмон, Канада – Финляндия
Ҳоккей. Занон. Бозӣ барои ҷойи сеюм: Русия — Финляндия.

XS
SM
MD
LG