Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби 12 соли зиндон барои собиқ вазири иқтисоди Қазоқистон


Қуандиқ Бишимбоев
Қуандиқ Бишимбоев

Додситони парвандаи пурсарусадои вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистон Қуандиқ Бишимбоев аз додгоҳ барои ӯ 12 соли зиндонро талаб кард. Бишимбоев ба ришваситонӣ ва азхудкунии моликият муттаҳам шудааст.

Додситон ҳамчунин рӯзи 19 феврал аз додгоҳ хост, ки дороиҳои Бишимбоев мусодира ва худи ӯ барои якумр аз кор дар мақомҳои давлатӣ маҳрум шуавад.

Бишимбоеви 37-сола моҳи январи соли 2017, як ҳафта баъди барканориаш аз мақоми вазири иқтисод , аз тарафи Хадамоти зидди-фасод боздошт шуд.

Қуандиқ Бишмбоев дастпарвардаи барномаи омӯзиши нухбагон, ё элитаи таҳти назари президент Назарбоев аст, ки ба зинаҳои қудрат аз мақоми муовини вазири саноат ва иқтисод баланд шуд ва то вазири иқтисоди миллӣ расид. Ба гуфтаи тафтишот, ӯ дар мақоми раҳбари ширкати ҳолдингии таҳти назари давлат - "Байтерек" ришва гирифтааст.

Бишимбоев дар мурофиаи ибтидоӣ иттиҳомро рад кард, дар ҳоле, ки боздоштшудаҳои дигар гуноҳро эътироф ва бо додситонӣ ҳамкорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG