Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозии дувуми санҷишӣ аз тими «Суғдиён»-и Ҷиззах, ки дар Суперлигаи футболи Узбакистон бозӣ мекунад, бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.
Бозии дувуми санҷиширо “Истиқлол” бо тими “Суғдиён” имрӯз, 20-уми феврал, дар шаҳри Тошканд, дар майдони Академияи бошгоҳи футболи «Бунёдкор», дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста, ки дар пойтахти Узбакистон то рӯзи 26-уми феврал идома меёбад, баргузор кард.
Футболбозони Ҷиззах дар ҳарду қисми бозии санҷишӣ ба дарвозаи “Истиқлол” якголӣ заданд. Дар ҷараёни дидор ба бозигарони ҳарду даста дутоӣ корти зард нишон дода шуд. Инчунин як бозигари тими “Суғдиён” ва ду нафар аз дастаи “Истиқлол”, ки кортҳои сурх гирифтанд, аз майдон хориҷ шуданд.
Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар бозии аввали санҷишӣ низ дар Тошканд 18-уми феврал аз тими «Қӯқанд-1912», ки дар Суперлигаи футболи Узбакистон бозӣ мекунад, бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда буд.
Бозии севуми санҷишии “Истиқлол” бо тими «Оқтеппа» (Тошканд, Узбакистон) 21-уми феврал дар Тошканд, дар майдони Академияи бошгоҳи футболи «Бунёдкор», баргузор мешавад.
Бозиҳои санҷишии «Истиқлол» дар Тошканд:
18 феврал (якшанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Қӯқанд-1912» (Қӯқанд, Узбакистон) – 0:2
20 феврал (сешанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Суғдиён» (Ҷиззах, Узбакистон) – 0:2
21 феврал (чоршанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Оқтеппа» (Тошканд, Узбакистон)
23 феврал (ҷумъа) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Қизилқум» (Зарафшон, Узбакистон)
25 феврал (якшанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Сурхон» (Тирмиз, Узбакистон).
Бояд гуфт, ки бозиҳои санҷишӣ бо тимҳои Узбакистон дар Тошканд барои “Истиқлол” як марҳилаи омодагии даста ба мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) маҳсуб мешаванд.
Қаҳрамони Тоҷикистон нахустин бозиашро дар ин мусобиқот дар гурӯҳи «D» рӯзи 7-уми март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо ғолиби ҷуфти плей-офф миёни дастаҳои “Хуҷанд”-и Тоҷикистон ва “Аҳал”-и Туркманистон, ки имрӯз, 20-уми феврал, маълум хоҳад шуд, анҷом медиҳад.
Ба гурӯҳи «D»-и Ҷоми AFC-2018 ба ҷуз «Истиқлол», «Олой»-и Қирғизистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон ва ғолиби даври плей-офф шомиланд.
Марҳалаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 7-уми март оғоз ёфта, 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳалаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосӣ ё ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябр барпо мегардад.