Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии Норвегия дар Олимпиадаи зимистона бо 28 медал


Дар Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ, ки дар Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ бо ширкати варзишгарони беш аз 90 кишвар то рӯзи 25-уми феврал идома хоҳанд кард, баъди натиҷагирии даҳ рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Норвегия дар мақоми аввал аст.

Варзишгарони Норвегия, ки то имрӯз, 20-уми феврал, ҳамагӣ 28 медал (11 тилло, 9 нуқра ва 8 биринҷӣ) гирифтаанд, дар ҳисоби умумидастаӣ ҳам аз рӯи сифати медалҳо ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо мақоми аввалро касб намудаанд.

Мунтахаби Олмон, ки 20 медал (10 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ) дорад, дар мақоми дувум аст. Мунтахаби Канада бо 17 медал (6 тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ) ба ҷойи севум баромад. Мунтахаби Ҳолланд бо 13 медал (6 тилло, 5 нуқра, 2 биринҷӣ) як зина поин - чорум – шуд. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 10 медал (5 тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ) мавқеашро дар зинаи панҷум нигоҳ доштааст.

Умуман, дар даҳ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ варзишгарони 27 кишвар ҳамагӣ 195 медал ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 18 кишвар 65 нишони тилло гирифтаанд.

Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ дар Олимпиадаи зимистона дар Пхёнчхан варзишгарони Беларус бо 2 медал (1 тилло ва 1 нуқра) дар ҷойи 15-ум, Украина бо 1 медали тилло дар ҷойи 18-ум, Русия бо 11 медал (3 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҷойи 20-ум, Латвия ва Қазоқистон бо як медали биринҷӣ дар ҷойи 25-ум қарор доранд.

Варзишгарони ҳашт кишвари дигари собиқи шӯравӣ то ҳоло медал ба даст наовардаанд. Вале варзишгарони Тоҷикистону Туркманистон дар Олимпиадаи зимистонаи Пхёнчхан иштирок надоранд.

Ҳисоби медалҳо

Мусобиқоти рӯзи сешанбе, 20-уми феврал

Рақси рӯи ях. Барномаи озод
Фристайл. Занон. Ски-хафпайп
Фристайл. Мардон. Ски-хафпайп
Шорт-трек. Занон. 1000 м. Квалификатсия
Шорт-трек. Мардон. 500 м. Квалификатсия
Шорт-трек. Занон. Эстафета 3000 м
Биатлон. Эстафетаи омехта 2х6 + 2х7,5 км
Дуҳарбаи лижаронӣ. HS-140 + Пойга 10 км.
Дуҳарбаи лижаронӣ. Трамплин HS-140

Бобслей. Занон. Дукаса. Даврҳои1-ум ва 2-юм
Кёрлинг. Мардон. Даврҳои 10-ум ва 11-ум
Кёрлинг. Занон. Даври 10-ум

Ҳоккей. Мардон. Марҳилаи интихобӣ

Ҳоккей. Занон. Бозиҳо барои ҷойҳои 5-ум ва 7-ум

XS
SM
MD
LG