Дастаи “Хуҷанд”, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-ро муқобили тими «Аҳал»-и Балканобод, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Туркманистон, 20-уми феврал дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мекунад.
Дар арафаи бозии ҷавобӣ 19-уми феврал дар шаҳри Хуҷанд, дар маҷлисгоҳи варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, нишасти хабарӣ доир шуд.
Бо тасмими роҳбарияти бошгоҳи футболи “Хуҷанд” тамошои бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2018 муқобили «Аҳал» барои мухлисон ройгон аст.
Рустам Хоҷаев, сармураббии дастаи “Хуҷанд”, ба хабарнигорон гуфт, «фардо моро бозии вазнин интизор аст. Умедворам, ки дар бозӣ муқобили «Аҳал» мо пирӯзӣ ба даст меорем. Бачаҳо бояд бо рӯҳияи баланд ба майдон бароянд. Зеро ки фардо ҳама чиз ҳал мешавад. Мо танҳо ба ғалаба умед мебандем ва аз футболбозонамон бозии хубро талаб мекунем. Ман ба бозигарони худ бовар дорам ва умедворам, ки онҳо бозии сазовор нишон медиҳанд. Мо, инчунин мекӯшем, ки мухлисонамонро ноумед накунем».
Равшан Муродов, сармураббии дастаи “Аҳал”, ба мизбонон барои истиқболи гарму ҷӯшон изҳори сипос намуд. Вай афзуд, «бозӣ муқобили «Хуҷанд» мураккаб мешавад, зероки ҳарду даста мехоҳанд ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ ёбанд. Натиҷаи бозии аввал аз чизе дарак намедиҳад. Ҳама чиз аз сифр шуруъ мешавад. Умедворам, ки ҳарду даста футболи худро нишон медиҳанд. Вазифаи мо ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ ёфтан аст».
Ёдовар мешавем, бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC-2018 миёни дастаҳои «Аҳал» ва «Хуҷанд», ки 13-уми феврал дар варзишгоҳи «Спорт Туплимӣ»-и Балканобод баргузор шуда буд, бо пирӯзии футболбозони туркман бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расидааст. Тӯбро аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ Мурод Аннаев ба ҳадаф расонд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 19-уми феврал бо аъзои дастаи «Хуҷанд» пеш аз бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2018 бо «Аҳал»-и Туркманистон мулоқот кард. Ӯ ваъда додааст, ки ба дастаи “Хуҷанд” дар мавриди пирӯзӣ бар “Аҳал” ҷоизаи молӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ аз будҷети вилоят тақдим мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуотии сарвари вилоят хабар додааст.
Бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2018 миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Аҳал” 20-уми феврал дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и Хуҷанд соати 14:00 оғоз меёбад.
Ғолиби ин ҷуфт, ки аз рӯи натиҷагирии ду бозӣ маълум мешавад, ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 роҳ ёфта, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои қаҳрамони кишварҳои худ - «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон - рақобат мекунад.
Бояд гуфт, ки ба дастаи «Хуҷанд» барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дар бозии ҷавобӣ бо “Аҳал” танҳо ғалаба бо фарқияти ду тӯб зарур аст.
Ин бозиро гурӯҳи ҳакамон аз Шри-Ланка доварӣ мекунанд. Нивон Робеш Гаминӣ сардовари бозӣ таъйин шудааст. Ба ӯ ҳамватанонаш Локу Кастхотэҷ Иран Удаякантха ва Веллабада Хеваҷ Дон Санҷива Премалал кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба дӯши Вираккодикараҷ Касун Лакмал Вираккодӣ аст. Солеҳ Муҳаммад Абдулло Ҳасан Ал-Марзукӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб нозири доварон ва Субраманиан Маникам аз Малайзия комиссари бозӣ мебошанд.
Бо тасмими роҳбарияти бошгоҳи футболи “Хуҷанд” тамошои бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2018 муқобили «Аҳал» барои мухлисон ройгон аст.
Ба ҳайати “Хуҷанд” дар бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2018 бо «Аҳал» чаҳор легионер - дарвозабон Алексей Матросов (Эстония), нимҳимоятгарон Сергей Чеботарёв (Украина), Фурқатҷон Ҳасанбоев (Узбакистон) ва ҳамлагар Агблей Ҷонс (Гана) – дохиланд.
Ҳайати комили «Хуҷанд» дар бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2018 муқобили «Аҳал»:
Дарвозабонҳо: Алексей Матросов (Эстония), Дилшод Додобоев;
Ҳимоятгарон: Соҳибҷон Ҳакимов, Фирдавс Чақалов, Хуршед Бекназаров, Манучеҳр Аҳмадов, Далерҷон Тухтасунов;
Нимҳимоятгарон: Сергей Чеботарёв (Украина), Фурқатҷон Ҳасанбоев (Узбакистон), Абдусамад Ҳоҷибаев, Эҳсон Бобоев, Кароматулло Саидов, Ҳикматулло Расулов, Дилшодҷон Каримов, Амирҷон Раҳимов;
Ҳамлагарон: Агблей Ҷонс (Гана), Дилшод Бозоров, Ҷаҳонгир Эргашев.
Сармураббӣ: Рустам Хоҷаев.