Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норвегия дар Олимпиадаи зимистона дар Пхёнчхан пешсаф шуд


Дар Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ, ки дар Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ бо ширкати варзишгарони беш аз 90 кишвар то рӯзи 25-уми феврал идома хоҳанд кард, баъди натиҷагирии нӯҳ рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Норвегия ба зинаи аввал баромад.

Варзишгарони Норвегия, ки то имрӯз, 19-уми феврал, ҳамагӣ 26 медал (9 тилло, 9 нуқра ва 8 биринҷӣ) гирифтаанд, дар ҳисоби умумидастаӣ ҳам аз рӯи сифати медалҳо ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо мақоми аввалро касб намудаанд.

Мунтахаби Олмон, ки 18 медал (9 тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ) дорад, ба зинаи дуюм фуромад. Мунтахаби Ҳолланд бо 13 медал (6 тилло, 5 нуқра, 2 биринҷӣ) мавқеашро дар зинаи сеюм нигоҳ доштааст. Мунтахаби Канада бо 16 медал (5 тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҷойи чорум қарор дорад. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 10 медал (5 тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ) зинаи панҷумро соҳиб шудааст.

Умуман, дар нӯҳ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ варзишгарони 26 кишвар ҳамагӣ 183 медал ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 18 кишвар 61 нишони тилло гирифтаанд.

Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ дар Олимпиадаи зимистона дар Пхёнчхан варзишгарони Беларус бо 2 медал (1 тилло ва 1 нуқра) дар ҷойи 15-ум, Украина бо 1 медали тилло дар ҷойи 17-ум, Русия бо 11 медал (3 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҷойи 20-ум ва Қазоқистон бо як медали биринҷӣ дар ҷойи 25-ум қарор доранд.

Варзишгарони 9 кишвари дигари собиқи шӯравӣ то ҳоло медал ба даст наовардаанд. Вале варзишгарони Тоҷикистону Туркманистон дар Олимпиадаи зимистонаи Пхёнчхан иштирок надоранд.

Ҷадвали ҳисоби медалҳои Олимпиадаи Пхёнчхан-2018

Мусобиқоти рӯзи душанбе, 19-уми феврал

Конкитозӣ. Мардон. 500 м. Занон. Пойгаи дастаӣ.
Бобслей. Мардон. Дукаса. Даври чорум
Ҷаҳиш аз трамплин. Мардон. Сабқати дастаӣ.

Трамплин HS-140. Финал
Кёрлинг. Занон. Даврҳои 8-9-ум. Мардон. Даври 9-ум.

Сноуборд. Биг-эйр. Квалификатсия.
Рақси рӯи ях. Рақси кӯтоҳ.
Фристайл. Занон. Хафпайп. Квалификатсия.
Ҳоккей. Занон. Нимфинал. ИМА – Финляндия, Канада – Русия

XS
SM
MD
LG