Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти “Истиқлол” ба “Қӯқанд-1912” дар Тошканд


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозии санҷишӣ аз тими «Қӯқанд-1912», ки дар Суперлигаи футболи Узбакистон бозӣ мекунад, бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Ин бозии санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи “Истиқлол”, ки дар шаҳри Тошканд то 26-уми феврал идома меёбад, рӯзи якшанбе, 18-уми феврал дар майдони Академияи бошгоҳи футболи «Бунёдкор» баргузор шуд. Дар ин бора вебсайти расмии бошгоҳи футболи “Истиқлол” хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар Тошканд бо се дастаи Суперлига ва ду дастаи Про-лигаи футболи Узбакистон бозиҳои санҷишӣ мекунад.

Бозии навбатии санҷишии “Истиқлол” бо тими «Суғдиён» (Ҷиззах, Узбакистон) 20-уми феврал дар Тошканд, майдони Академияи бошгоҳи футболи «Бунёдкор», соати 15:00 шуруъ мешавад.

Бозии санҷишӣ

«Қӯқанд-1912» - «Истиқлол» - 2:0

Голҳо: Баҳодур Пардаев, 42 (1:0). Ойбек Рустамов, 80 (2:0).

«Қӯқанд» (Узбакистон): Уткир Юсупов, Ғиёс Комилов (Ойбек Рустамов, 46), Марко Милич (Муслим Қурбонов, 87), Баҳодур Пардаев (Собир Ҳамидов, 86), Сӯҳроб Бердиев (Савелий Абрамов, 88), Александр Мерзляков, Дарко Гочкович (Игор Таран, 84), Қувондиқ Рӯзиев, Мурод Холмуҳамедов, Муҳаммаданас Ҳасанов, Милан Спремо (Нозир Отақузиев, 46).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров (Даврон Эргашев, 46), Аҳтам Назаров, Артём Барановский, Ромиш Ҷалилов (Александр Гарбар, 46), Табрези Давлатмир, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷони Ҳасан (Нозим Бобоҷонов, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев (Темур Ҳакимов, 75), Воҳид Шодиев, Николай Зенко (Агблета Фрэнсис, 57, Комрон Турсунов, 85).

Огоҳонида шуд: Николай Зенко («Истиқлол»).

Сардовар: Игор Худойдодов (Тошканд).

Бозиҳои санҷишии «Истиқлол» дар Тошканд:

18 феврал (якшанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Қӯқанд-1912» (Қӯқанд, Узбакистон) – 0:2

20 феврал (сешанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Суғдиён» (Ҷиззах, Узбакистон)

21 феврал (чоршанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Оқтеппа» (Тошканд, Узбакистон)

23 феврал (ҷумъа) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Қизилқум» (Зарафшон, Узбакистон)

25 феврал (якшанбе) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Сурхан» (Тирмиз, Узбакистон).

Ёдовар мешавем, дастаи «Истиқлол», ки 15-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дар бозии ниҳоӣ тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, барои чорумин бор барандаи Ҷоми ФФТ (Федератсиони футболи Тоҷикистон) гардид.

Мусобиқоти муҳимтарини имсола барои “Истиқлол” Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) маҳсуб мешавад. Қаҳрамони Тоҷикистон нахустин бозиашро дар мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар гурӯҳи «D» рӯзи 7-уми март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо ғолиби ҷуфти плей-офф миёни дастаҳои “Хуҷанд”-и Тоҷикистон ва “Аҳал”-и Туркманистон, ки 20-уми феврал маълум хоҳад шуд, анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ба гурӯҳи «D»-и Ҷоми AFC-2018 се қаҳрамон – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олой» (Қирғизистон) ва «Алтин Асир» (Туркманистон), инчунин ғолиби даври плей-офф шомиланд.

Марҳалаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 7-уми март оғоз ёфта, 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳалаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосӣ ё ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябр барпо мегардад.

XS
SM
MD
LG