Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷудои Аврупо


Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти бози ҷудои Аврупо миёни мардон (European Judo Open Men), ки рӯзҳои 17-18-уми феврал дар шаҳри Оберварти Австрия баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) иттилоъ додааст, дар ин мусобиқот ширкати 285 гуштигир аз 42 кишвар дар назар аст.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқот се паҳлавони ҷавон – Мирзоҷамил Рамазонов (дар вазни зери 73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (дар вазни зери 81 кг) ва Темур Раҳимов (дар вазни зери 100 кг) - намояндагӣ мекунанд.

Дар рӯзи аввали мусобиқот – 17-уми феврал – гуштигирон дар се вазн: 60, 66, 73 кг рақобат менамоянд. Дар рӯзи дуюми мусобиқот – 18-уми феврал – рақобатҳо дар чор вазн: 81, 90, 100, +100 кг баргузор мешаванд.

Имрӯз, 17-уми феврал, нахуст Мирзоҷамил Рамазонов ба рақобат мепардозад. Рақиби ӯ дар даври аввал дар вазни зери 73 кило Адам Борчашвили аз Австрия мебошад. Зимнан, дар ин вазн аз ҳама бештар – 58 гуштигир – ширкат меварзанд.

Ду варзишгари дигари маъруфи тоҷик – Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов - рӯзи якшанбе, 18-уми феврал, вориди рақобат мешаванд. Маҷидов дар вазни зери 81 кило, ки ҳамагӣ 39 нафар иштирок хоҳанд кард, дар даври аввал бо Массимилиано Каролло аз Италия қувваозмоӣ менамояд. Раҳимов бошад, дар вазни зери 100 кило, ки 30 нафар ширкат меварзанд, дар даври муқаддамотӣ бо Валентин Раду аз Руминия рақобат мекунад.

Ба ҷуз Тоҷикистон, дар мусобиқоти бози ҷудои Осиё миёни мардон дар шаҳри Оберварти Австрия боз варзишгарони ҳашт кишвари собиқи шӯравӣ ширкат меварзанд: Арманистон (4 нафар), Гурҷистон (20 нафар), Литва (4 нафар), Қазоқистон (11 нафар), Қирғизистон (1 нафар), Озарбойҷон (18 нафар), Русия (12 нафар) ва Узбакистон (7 нафар).

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, сармураббии нави дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мусобиқоти бози ҷудои Аврупо миёни мардон дар Оберварти Австрия барои паҳлавонони тоҷик аввалин мусобиқоти байналмилалӣ дар мавсими имсола ба шумор меравад. Вай афзуд, “имсол варзишгарони мо дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ оид ба ҷудо, монанди “Тоскӯлоҳи бузург” , Гран-при, Ҷоми бози Аврупо, қаҳрамонии Осиё, ки дар кишварҳои гуногун доир мешавад, иштирок мекунанд. Ба ҷуз ин, аъзои тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон моҳи август дар Бозиҳои осиёӣ дар Ҷакартаи Индонезия ва моҳи сентябр дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Бокуи Озарбойҷон ширкат хоҳанд кард.”

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG