Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ дар Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ бо ширкати варзишгарони беш аз 90 кишвар то рӯзи 25-уми феврал идома хоҳанд кард.
Мунтахаби Олмон, ки то имрӯз, 16-уми феврал, ҳамагӣ 15 медал (9 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) гирифтааст, дар ҳисоби умумидастаӣ аз рӯи сифати медалҳо ҷойи аввалро касб намудааст. Мунтахаби Норвегия, ки 17 медал (6 тилло, 7 нуқра ва 4 биринҷӣ) дорад, ба зинаи дуюм баромад. Зимнан, Норвегия аз рӯи шумораи умумии медалҳо дар ҷойи аввал аст.
Варзишгарони Тоҷикистон, ки аз соли 2002 то соли 2014 дар чор Олимпиадаи зимистона ширкат варзидаанд, ба Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ роҳхат гирифта натавонистанд.
Мунтахаби Ҳолланд бо 12 медал (5 тилло, 5 нуқра, 2 биринҷӣ) як зина поён - ба зинаи сеюм - фуромад. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ як зина поин шуд ва бо 8 медал (5 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) дар ҷойи чорум қарор дорад. Мунтахаби Канада бо 13 медал (4 тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ) мавқеашро дар панҷгонаи пешсафон дар зинаи панҷум нигоҳ доштааст.
Умуман, дар шаш рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ варзишгарони 21 кишвар ҳамагӣ 117 медал ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 10 кишвар 39 нишони тилло гирифтаанд.
Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ дар Олимпиадаи зимистона дар Пхёнчхан варзишгарони Русия бо 5 медал (1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи 15-ум ва Қазоқистон ба як медали биринҷӣ дар ҷойи 21-ум қарор доранд. Варзишгарони 11 кишвари дигари собиқи шӯравӣ то ҳоло медал ба даст наовардаанд. Вале намояндагони Тоҷикистону Туркманистон дар Олимпиадаи зимистонаи Пхёнчхан иштирок надоранд.
Варзишгарони Тоҷикистон, ки аз соли 2002 то соли 2014 дар чор Олимпиадаи зимистона ширкат варзидаанд, ба Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ роҳхат гирифта натавонистанд. Туркманистон бошад, дар байни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ягона кишварест, ки ягон бор дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ иштирок накардааст.
Ҷадвали ҳисоби медалҳои Олимпиадаи Пхёнчхан-2018
Кишвар |
Тилло |
Нуқра |
Биринҷӣ |
Ҳамагӣ |
Мусобиқоти рӯзи ҷумъа, 16-уми феврал
Лижаронии кӯҳӣ. Мардон. Супергигант
Скелетон. Мардон. Даври 4-ум
Сноуборд. Занон. Сноуборд-кросс. Финал
Лижаронии кӯҳӣ. Занон. Слалом. Даври дуюм
Пойгаи лижаронӣ. Мардон. 15 км, услуби озод
Конкитозӣ. Занон. 5000 м
Фристайл. Занон. Акробатика. Финали 3
Кёрлинг. Мардон. Даври 4-ум
Скелетон. Мардон. Даври 3-юм
Лижаронии кӯҳӣ. Занон. Слалом. Даври аввал
Сноуборд. Занон. Сноуборд-кросс. Квалификатсия
Рақси рӯи ях. Мардон. Барномаи кӯтоҳ
Лижаронии кӯҳӣ. Мардон. Супергигант
Скелетон. Мардон. Даври 4-ум
Сноуборд. Занон. Сноуборд-кросс. Финал
Лижаронии кӯҳӣ. Занон. Слалом. Даври дуюм
Кёрлинг. Занон. Даври 4-ум
Пойгаи лижаронӣ. Мардон. 15 км, услуби озод
Конкитозӣ. Занон. 5000 м
Фристайл. Занон. Акробатика. Финали 1
Кёрлинг. Мардон. Даври 5-ум
Ҷаҳиш аз трамплин. Трамплин HS-140. Даври интихобӣ
Скелетон. Занон. Даври 1-ум
Фристайл. Занон. Акробатика. Финали 2
Фристайл. Занон. Акробатика. Финали 3
Ҳоккей. Мардон. Даври пешакӣ. Гурӯҳи В. ИМА – Словакия, Русия – Словения
Ҳоккей. Мардон. Даври пешакӣ. Гурӯҳи С. Финляндия – Норвегия, Шветсия – Олмон
Скелетон. Занон. Даври 2-юм
Ҷаҳиш аз трамплин. Трамплин HS-140. Квалификатсия.