Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" бори чорум барандаи Ҷоми ФФТ шуд


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоӣ тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, барои чорумин бор барандаи Ҷоми ФФТ (Федератсиони футболи Тоҷикистон) гардид.

Бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Истиқлол” имрӯз, 15-уми феврал, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ромиш Ҷалилов, бозигари “Истиқлол”, дар нимаи аввали дидор (дар дақиқаи 45+2) ҳисобро боз кард. Ду голи дигари “Истиқлол”-ро дар нимаи дувуми бозӣ Дилшод Восиев (дақиқаи 70-ум) ва Эҳсони Панҷшанбе (дақиқаи 75-ум) ба самар расониданд. Як голи “Регар-ТадАЗ”-ро Сайидамири Сайидаҳмад дар дақиқаи 80-ум зад.

Ба ин тартиб, “Истиқлол” бо Ҷоми ФФТ, ки аз соли 2012 барои бори ҳафтум доир гардид, мукофотонида шуд. Аъзои даста таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Ба дастаи “Регар-ТадАЗ” таҳти раҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев медалҳои нуқра тақдим шуд.

Медалҳои биринҷӣ ба дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (сармураббиаш Алиёр Ашӯрмамадов), ки дар бозӣ барои ҷойи севум ССКА “Помир”-и Душанберо дар замони изофӣ бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард, супурда шуд.

Зимнан, “Истиқлол” чор бор, “Регар-ТадАЗ” ду маротиба ва “Хайр”-и Ваҳдат як бор Ҷоми ФФТ-ро ба даст овардаанд. Соли гузашта дастаи “Истиқлол” дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ тими «Регар-ТадАЗ»-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд.

Ҷоми ФФТ-2018

15 феврал (панҷшанбе)

Финал

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол» 1:3

Голҳо: Ромиш Ҷалилов, 45+2 (0:1). Дилшод Восиев, 70 (0:2). Эҳсони Панҷшанбе, 75 (0:3). Сайидамири Сайидаҳмад, 80 (1:3).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Миралӣ Муродов, Сироҷиддин Аллаев, Дороб Эргашев (Сайидамири Сайидаҳмад, 73), Бахтиёр Азимов, Сафар Каримов (Ислом Бойтӯраев, 63), Хайрулло Азизов (Шоҳрух Раҷабматов, 81), Фирӯз Қараев (Фарҳод Холбеков, 71), Акбар Бобомуродов (Саидхони Амрохон, 46), Элдор Эргашев, Фирӯз Раҳматов (Нуъмонҷон Зокиров, 63), Амирҷон Сафаров.

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Ойбек Абдуғаффоров, Александр Гарбар, Табрези Давлатмир, Ромиш Ҷалилов (Даврон Эргашев, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Аҳтам Назаров, Муҳаммадҷони Ҳасан (Нозим Бобоҷонов, 77), Фатҳулло Фатҳуллоев (Шаҳром Сулаймонов, 89), Комрон Турсунов (Агблета Франсис, 46), Дилшод Восиев (Шериддин Бобоев, 77).

Огоҳонида шуданд: Сироҷиддин Аллаев, Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Никола Стошич («Истиқлол»).

Аз майдон хориҷ шуд: Сайидамири Сайидаҳмад («Регар-ТадАЗ») - 85

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири бозӣ: Баҳром Сайдуллоев (Бохтар).

15 феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ . 1000 тамошогар.

Бозӣ барои ҷойи сеюм

ССКА «Помир» – «Панҷшер» – 1:2

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 5 (1:0). Равшан Азизов, 79 (1:1). Хайриддин Турахонов, 96 (1:2).

ССКА «Помир» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Фурӯғ Қодиров, Идибек Ҳабибуллоев, Комрони Мирзохон, Зоир Ҷӯрабоев, Шамсиддин Қосимов, Билол Сулаймонов, Сарвар Атахонов (Каромат Раҷабов, 66, Комил Ҷабборов,102), Шодибек Ғаффоров, Мӯҳсин Абдуғаффоров, Абдухалил Боронов.

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ): Бахтиёр Неъматов, Равшан Азизов, Алишери Ҳотам (Акрам Қурбонов, 46), Иззатулло Рӯзиев, Хушбахт Миров, Шавкат Худойназаров, Сорбон Авғонов, Маҳмуд Ғаюров, Алишер Салимов (Саламшо Ашӯрмамадов, 71), Хайриддин Турахонов, Фаррух Фузайлов.

Огоҳонида шуданд: Зоир Ҷӯрабоев, Фурӯғ Қодиров, Шодибек Ғаффоров (ССКА «Помир»), Иззатулло Рӯзиев, Саламшо Ашӯрмамадов, Хушбахт Миров («Панҷшер»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

15 феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 400 тамошогар.

Натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2018):

2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0

2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1

2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1

XS
SM
MD
LG