Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Регар" ва "Истиқлол" ба финали Ҷоми ФФТ роҳ ёфтанд


Дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Истиқлол»-и Душанбе ки дар даври ниманиҳоӣ бар рақибонашон пирӯз шуданд, ба бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсиони футболи Тоҷикистон) роҳ ёфтанд.

Бозиҳои даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ имрӯз, 14-уми феврал, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуданд. «Регар-ТадАЗ» бо ССКА “Помир”-и Душанбе рақобат кард. Замони асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Футболбозони шаҳри Турсунзода аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуда, ба финал баромаданд. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ «Истиқлол» бар тими «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 5:1 ғолиб омад.

Ба ин тартиб, ғолибони даври ниманиҳоӣ -“Регар-ТадАЗ ва “Истиқлол” - дар бозии ниҳоӣ, ки 15-уми феврал соати 12:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад, барои Ҷоми ФФТ мубориза мебаранд. Пеш аз бозии ниҳоӣ дар ин варзишгоҳ дастаҳои ССКА «Памир» ва “Панҷшер” соати 10:00 барои ҷойи сеюм талош хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи “Истиқлол” дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ тими «Регар-ТадАЗ»-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд.

Ҷоми ФФТ-2018

Нимфинал

«Регар-ТадАЗ» – ССКА «Помир» – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 4:2

«Панҷшер» – «Истиқлол» – 1:5

15 феврал (панҷшанбе)

Бозӣ барои ҷойи сеюм

Оғози бозӣсоати 10:00

ССКА «Помир» – «Панҷшер»

Финал

Оғози бозӣсоати 12:00

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

XS
SM
MD
LG