Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи пешсафии Олмон дар Олимпиадаи зимистона-2018


Дар Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ дар Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ беш аз 2900 варзишгар аз 92 кишвар барои 102 маҷмуи медалҳо дар 7 намуд то рӯзи 25-уми феврал рақобат мекунанд.

Баъди натиҷагирии чор рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо дар сегонаи пешсафон тағйирот ба амал наомадааст. Мисли пешин дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Олмон, ки ҳамагӣ 9 медал (5 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардааст, дар ҷойи аввал қарор дорад. Ҳолландиҳо бо 10 медал (4 тилло, 4 нуқра, 2 биринҷӣ) мақоми дувум ва норвегиягиҳо бо 11 медал (3 тилло, 5 нуқра, 3 биринҷӣ) мақоми севумро касб намудаанд. Зимнан, мунтахаби Норвегия аз рӯи шумораи умумии медалҳо дар ҷойи аввал аст.

Умуман, дар чор рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ варзишгарони 19 кишвар ҳамагӣ 78 медал ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 10 кишвар 26 нишони тилло гирифтаанд. Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ дар Олимпиадаи мазкур варзишгарони Русия 5 медал (1 нуқра ва 4 биринҷӣ) ва Қазоқистон як медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Мусобиқоти рӯзи чоршанбе, 14-уми феврал

Сноуборд. Мардон, хаф-пайп
Лижаронии кӯҳӣ. Занон, слалом
Дуҳарбаи лижаронӣ. Мардон, трамплини хурд + пойга 10 км
Конкитозӣ. Занон, 1000 м
Биатлон. Занон, 15 км, пойгаи инфиродӣ
Чанаронӣ. Мардон, чанаи дукаса

Ҷадвали ҳисоби медалҳои Олимпиадаи Пхёнчхан-2018

XS
SM
MD
LG