Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ гуфт, "гардани раҳбарони Киевро мешиканад" ВИДЕО


Саакашвилӣ дар нишасти матбуотӣ. Варшава, 13-уми феврали соли 2018

Михаил Саакашвили, раҳбари "Ҷунбиши нерӯҳои нав"-и Украина, як рӯз баъди ихроҷи иҷбориаш ба Лаҳистон бо лаҳни тунд дар Варшава қавл дод, ки муборизаро бар зидди раҳбарони Киев идома медиҳад. Ӯ ихроҷи иҷбориашро кори президент Петро Порошенко медонад ва рӯзи 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, "мо гардани Порошенко ва додситони кулл Лутсенкоро мешиканем".

"Онҳо ба зиндон мераванд - на ба Аврупо, рост ба зиндони Украина", - гуфт Михаил Саакашвилӣ. Президенти пешини Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ, ки бо пешниҳоди президенти Украина Петро Порошенко раҳбарии минтақаи Одессаро бар дӯш гирифт, баъдан бар сари ислоҳот ва мубориза бо фасодкорӣ аз мухолифони шарики пешинаш шуд.

Михеил Саакашвили дар Киев боздошт ва ба Полша (Лаҳистон) ихроҷ шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:55 0:00

Саакашвилӣ рӯзи 12-уми феврал дар яке аз тарабхонаҳои Киев аз тарафи ходимони марзбонӣ, ки дар чеҳраҳояшон ниқоб доштанд, боздошт шуд. Ӯро ба фурудгоҳ бурданд ва аз онҷо ба Лаҳистон, кишваре, ки моҳи сентябри соли 2017 тавассути он ба Украина ворид шуда буд, фиристоданд.

Михаил Саакашвилӣ, ки дар нишасти матбуотӣ гоҳ ба забони англисӣ, гоҳ ба украинӣ ва гоҳ ба русӣ сӯҳбат мекард, гуфт, сарфи назар аз ҳузураш дар хориҷи Украина аз мубориза бар зидди ҳукумати Порошенко даст намекашад.

Видеоҳои охирин

Ваъдаи падари Ҳувайдо дар сари қабри ӯ
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:22 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG