Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маблағи ҷоизаи Чингиз Айтматовро кӣ "обу лой" кард?


Бинои порлумони Қирғизистон
Бинои порлумони Қирғизистон

Кумитаи умури байналмилалӣ, мудофиа ва амнияти порлумони Қирғизистон рӯзи 13-уми феврал масъалаи азхудкунии 30 ҳазор доллар ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматовро баррасӣ кард.

Вакилон дар як ҷаласаи пӯшида гузориши Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар бахши парвандаҳои ҷиноӣ шуниданд. Узви кумитаи мазкур Мақсад Содиров гуфт, натиҷаи пажуҳиш набояд нашр шавад.

"То ҳол нофаҳмиҳо зиёд аст. Маълум нест, ки кормандони шуъба маблағро чӣ хел дастрас карданд, чӣ гуна онро интиқол доданд", - гуфт Собиров.

Пештар дар бораи азхудкунии 30 ҳазор доллар, ки ба ҷоизаи Чингиз Айтматов аз сӯи Ассамблеи байнипорлумонии ИДМ ҷудо шуда буд, хабар расид.

Додситонӣ алайҳи мудири шуъбаи кумитаи корҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амнияти порлумон Арсен Зокиров аз рӯи банди "азхудкунӣ", "талафи дороӣ" ва "сохтакории ҳуҷҷат" парванда боз кард.

Гуфта мешавад, Зокиров тирамоҳи соли 2017 бо таҳияи санадҳои тақаллубӣ гӯё 30 ҳазор доллари порлумони Қирғизистонро ба ҳисоби шӯрои Байнипорлумонӣ интиқол дод. Аммо дар шӯро гуфтанд, ки ин маблағ ба дасти онҳо нарасид.

XS
SM
MD
LG