Пайвандҳои дастрасӣ

Кобул мизбони нишасти мақомоти баландпояи низомии минтақавӣ


Нишасти минтақавии мубориза бо терроризм дар Афғонистон (акс аз бойгонӣ)

Мақомоти аршади низомӣ аз чанд кишвари ҳамсояи Афғонистон, бо шумули Покистон, барои баррасии роҳҳои мубориза бо терроризм дар Кобул ҷамъ омаданд.

Мақомоти Афғонистон ва Покистон рӯзи 13-уми феврал гуфтанд, ки ба нишасти Кобул генерал Қамар Ҷовид Баҷва - раҳбари ситоди нерӯҳои Покистон ва мақомоти баландпояи низомӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват шуданд.

Дар ин ҷамъомад намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО, бо шумули генерали амрикоӣ, раиси ситоди нерӯҳо Ҷозеф Вотел ва генерал Ҷон Николсон, фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон иштирок мекунанд.

Ҳузури Баҷва дар ин нишаст муҳим арзёбӣ мешавад, зеро ҳам Афғонистон ва ҳам ИМА, дар заминаи ҳузури ҷангҷӯён дар қаламрави он кишвар, фишорро ба Покистон афзоиш додаанд. Исломобод паноҳ додан ба ҷангҷӯёнеро, ки Афғонистонро мавриди ҳамла қарор медиҳанд, рад мекунад.

Дар нишасти Кобул масъалаи қочоқи маводи мухаддир низ матраҳ шавад. Афғонистон аз бузургтарин истеҳсолкунандаҳои маводи мухаддир, аз ҷумла ҳероин дар ҷаҳон номбар мешавад.

Видеоҳои охирин

Сокинон дар бораи фаъол шудани чархаи нахустини Роғун чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:12 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG