Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии вазъи Ховари Миёна дар гуфтугӯи Трамп ва Путин


Доналд Трамп ва Владимир Путин
Доналд Трамп ва Владимир Путин

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп рӯзи 12-уми феврал бо президенти Русия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом дод ва барои суқути ҳавопаймои АН-148 бо 71 қурбонӣ изҳори тасаллият кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кохи Сафед хабар дод.

Дар хабари Кохи Сафед гуфта мешавад, Иёлоти Муттаҳида омодааст, дар таҳқиқи ин ҳодиса ба Русия кумак кунад.

Президент Трамп ба Путин гуфт, фурсати кор бар сари созиши сулҳи пойдор дар Ховари Миёна фаро расидааст.

"Раисони ҷумҳур инчунин дигар мавзӯъҳои дорои манфиатҳои мутақобилро баррасӣ намуданд ва Трамп ба аҳамияти иқдомоти минбаъда барои таъмини минтақаи бидуни силоҳи ҳастаӣ дар Кореяи Шимолӣ таъкид кард", - омадааст дар хабари Кохи Сафед.

XS
SM
MD
LG