Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафони Олимпиадаи зимистона дар Пхёнчхан


Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ дар Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ бо ширкати беш аз 2900 варзишгар аз 92 кишвар ҷараён доранд. Варзишгарон барои 102 маҷмуи медалҳо дар 7 намуд то рӯзи 25-уми феврал мубориза мебаранд.

Баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо дар ҳисоби умумидастаӣ мисли пешин мунтахаби Олмон, ки ҳамагӣ 7 медал (4 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) ба даст овардааст, мақоми аввалро касб намудааст. Ҳолландиҳо бо 7 медал (3 тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ) дар мақоми дувум ва норвегиягиҳо бо 9 медал (2 тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор доранд. Зимнан, мунтахаби Норвегия аз рӯи шумораи умумии медалҳо дар ҷойи аввал аст.

Умуман, дар се рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ варзишгарони 17 кишвар ҳамагӣ 54 медал ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 9 кишвар 18 нишони тилло гирифтаанд.

Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ дар Олимпиадаи мазкур танҳо варзишгарони Тоҷикистону Туркманистон иштирок надоранд. Варзишгарони тоҷик, ки аз соли 2002 то соли 2014 дар чор Олимпиадаи зимистона ширкат намудаанд, ин дафъа меъёрҳоро ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 иҷро карда натавонистанд. Варзишгарони туркман бошанд , умуман дар ягон Олимпиадаи зимистона ширкат наварзидаанд.

Ҷадвали ҳисоби медалҳои Олимпиадаи Пхёнчхан-2018

Ҷ

КИШВАР (КМО)

Т

Н

Б

Ҳамагӣ

1

ОЛМОН

4

1

2

7

2

НИДЕРЛАНД

3

2

2

7

3

НОРВЕГИЯ

2

4

3

9

4

КАНАДА

2

4

1

7

5

ИМА

2

1

1

4

6

ФАРОНСА

2

0

1

3

7

ШВЕТСИЯ

1

1

0

2

8

АВСТРИЯ

1

0

0

1

8

КОРЕЯИ ҶАНУБӢ

1

0

0

1

10

ҶОПОН

0

1

2

3

11

РУСИЯ

0

1

1

2

11

ҶУМҲУРИИ ЧЕХ

0

1

1

2

13

АВСТРАЛИЯ

0

1

0

1

13

СЛОВАКИЯ

0

1

0

1

15

ФИНЛЯНДИЯ

0

0

2

2

16

ИТАЛИЯ

0

0

1

1

16

ҚАЗОҚИСТОН

0

0

1

1

Ҷамъи медалҳо

18

18

18

54

Мусобиқоти рӯзи сешанбе, 13-уми феврал:

Сноуборд. Занон, хаф-пайп
Лижаронии кӯҳӣ. Мардон, комбинатсия
Шорт-трек. Занон, 500 м
Чанаронӣ. Занон, чанаи яккаса
Пойгаи лижаронӣ. Занон, спринт, услуби классикӣ
Пойгаи лижаронӣ. Мардон, спринт, услуби классикӣ
Конкитозӣ. Мардон, 1500 м
Кёрлинг. Дабл-микст

XS
SM
MD
LG