Бозиҳои даври охирини мусобиқоти гурӯҳӣ, ки 12-уми феврал дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор шуданд, чаҳор дастаи ширкаткунандаи даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсиони футболи Тоҷикистон)-ро муайян карданд.
Дар гурӯҳи “А” дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки бар тими «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард. “Панҷшер” ягона дастаест, ки дар ҳарсе бозиаш ғолиб омадааст. Пеш аз ин “Панҷшер” тимҳои «Локомотив-Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 4:3 ва ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.
Дар ин гурӯҳ ССКА “Помир” бо 6 имтиёз ҷойи дувумро соҳиб гашт. «Истаравшан» бо 3 имтиёз севум шуд. Вале «Локомотив-Помир» бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - қарор гирифт.
Дар гурӯҳи «Б» дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки бозии севумашро бо «Хатлон»-и Бохтар (собиқ “Вахш”-и Қӯрғонтеппа) бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод, бо 7 имтиёз мақоми аввалро азони худ кард. “Регар-ТадАЗ” дар ду бозии пештара бар тимҳои «Ашт»-и ноҳияи Ашт бо ҳисоби бузурги 5:0 ва «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғолиб омадааст.
Дар ин гурӯҳ дастаи “Истиқлол”, ки дар бозии даври севум ба дарвозаи “Ашт” 9 голи беҷавоб зад, бо 6 имтиёз ҷойи дувумро гирифт. «Хатлон» бо 4 имтиёз ҷойи севумро ишғол кард. Вале «Ашт», ки имтиёз надорад, дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шуд.
Тибқи дастури мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба нимфинали Ҷоми ФФТ баромаданд. Ба ин тартиб, дар бозиҳои ниманиҳоӣ, ки рӯзи чоршанбе, 14-уми феврал, баргузор мешаванд, нахуст «Панҷшер» бо «Истиқлол», баъдан «Регар-ТадАЗ» бо ССКА «Помир» рақобат мекунанд.
Ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ ба финал мебароянд. Дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи сеюм мубориза хоҳанд бурд. Бозиҳои ҳалкунандаи Ҷоми ФФТ 16-уми феврал баргузор мешаванд.
Ҷоми ФФТ. Марҳилаи ниҳоӣ
Гурӯҳи «А»
Даври 3-юм
«Панҷшер» – «Истаравшан» – 2:1
ССКА «Помир» – «Локомотив-Помир» – 2:1
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “А”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
3 |
3 |
0 |
0 |
7-4 |
9 |
2 |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
3 |
2 |
0 |
1 |
5-2 |
6 |
3 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
3 |
1 |
0 |
2 |
7-6 |
3 |
4 |
«Локомотив-Помир» (Душанбе) |
3 |
0 |
0 |
3 |
5-12 |
0 |
Гурӯҳи «Б»
Даври 3-юм
«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 1:1
«Ашт» – «Истиқлол» – 0:9
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “Б”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
3 |
2 |
1 |
0 |
8-2 |
7 |
2 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
3 |
2 |
0 |
1 |
11-2 |
6 |
3 |
«Хатлон» (Бохтар) |
3 |
1 |
1 |
1 |
3-3 |
4 |
4 |
«Ашт» (Ашт) |
3 |
0 |
0 |
3 |
0-22 |
0 |
Нимфинал
14 феврал (чоршанбе)
11:00 – «Панҷшер» – «Истиқлол»
14:00 – «Регар-ТадАЗ» – ССКА «Помир»
16 феврал (ҷумъа)
11:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм
14:00 – ФИНАЛ