Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсиони футболи Тоҷикистон), ки бо ширкати ҳашт даста дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор ҷараён дорад, 16-уми феврал ба поён мерасад.
Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Дастаҳои гурӯҳи «А» дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор ва гурӯҳи «Б» дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозӣ мекунанд.
Баъди натиҷагирии бозиҳои ду даври мусобиқот, ки рӯзҳои 8-ум ва 10-уми феврал барпо гардиданд, дар гурӯҳи “А” дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. “Панҷшер” дар ҳарду бозиаш бар тимҳои «Локомотив-Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 4:3 ва ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Дар ин гурӯҳ дастаҳои «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва ССКА “Помир” бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дувуму севумро соҳиб гаштаанд. Вале «Локомотив-Помир» бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум қарор гирифтааст.
Дар гурӯҳи «Б» дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дар ҳарду бозиаш бар тимҳои «Ашт»-и ноҳияи Ашт бо ҳисоби бузурги 5:0 ва «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад, бо 6 имтиёз пешсаф аст. Дар ин гурӯҳ дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар (собиқ “Вахш”-и Қӯрғонтеппа) ва “Истиқлол” бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дувуму севумро ишғол кардаанд. Вале «Ашт», ки имтиёз надорад, дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.
Имрӯз, 12-уми феврал, бозиҳои даври охирин дар ҳарду гурӯҳ баргузор мешаванд: «Панҷшер» – «Истаравшан», «Вахш» – «Регар-ТадАЗ», ССКА «Помир» – «Локомотив-Помир», «Ашт» – «Истиқлол».
Тибқи дастури мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба нимфинали Ҷоми ФФТ мебароянд. Баъдан ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар финал рақобат мекунанд. Дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Бозиҳои ҳалкунандаи Ҷоми ФФТ 16-уми феврал баргузор мешаванд.
Ҷоми ФФТ. Марҳилаи ниҳоӣ
Гурӯҳи «А»
Даври 1-ум
«Панҷшер» – «Локомотив-Помир» – 4:3
«Истаравшан» – ССКА «Помир» – 0:3
Даври 2-юм
«Панҷшер» – ССКА «Помир» – 1:0
«Истаравшан» – «Локомотив-Помир» – 6:1
Мавқеи дасаҳо дар гурӯҳи “А”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
2 |
2 |
0 |
0 |
5-3 |
6 |
2 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
2 |
1 |
0 |
1 |
6-4 |
3 |
3 |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
2 |
1 |
0 |
1 |
3-1 |
3 |
4 |
«Локомотив-Помир» (Душанбе) |
2 |
0 |
0 |
2 |
4-10 |
0 |
Гурӯҳи «Б»
Даври 1-ум
«Регар-ТадАЗ» – «Ашт» – 5:0
«Хатлон» – «Истиқлол» – 0:1
Даври 2-юм
«Хатлон» – «Ашт» – 8:0
«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол» – 2:1
Мавқеи дасаҳо дар гурӯҳи “Б”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
2 |
2 |
0 |
0 |
7-1 |
6 |
2 |
«Хатлон» (Бохтар) |
2 |
1 |
0 |
1 |
8-1 |
3 |
3 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
2 |
1 |
0 |
1 |
2-2 |
3 |
4 |
«Ашт» (Ашт) |
2 |
0 |
0 |
2 |
0-13 |
0 |
Тақвими бозиҳои боқимонда:
Даври 3-юм
12 феврал (душанбе)
11:00 – «Панҷшер» – «Истаравшан». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
11:00 – «Хатлон» – «Регар-ТадАЗ». Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
14:00 – ССКА «Помир» – «Локомотив-Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Ашт» – «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Нимфинал
14 феврал (чоршанбе)
11:00 – 1 «А» – 2 «Б»
14:00 – 1 «Б» – 2 «А»
16 феврал (ҷумъа)
11:00 – Бозӣ баои ҷойи сеюм
14:00 – ФИНАЛ