Тими мунтахаби миллии Эрон, ки дар бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамони футзали Осиё дар Тайбэйи Чин мунтахаби Ҷопонро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гашт.
Чунонки сомонаи расмии Конфедератсиони футболи Осиё (the-afc.com) хабар додааст, бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби Эрону Ҷопон 11-уми феврал баргузор шуд. Ду голи эрониҳоро Алӣ Асғар Ҳасанзода ба ҳадаф расонд. Фарҳод Тавакулӣ ва Ҳусейн Тайибӣ якголӣ заданд.
Ба ин тартиб, мунтахаби Эрон барои бори дувоздаҳум бо медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамони футзали Осиё мукофотонида шуд. Қаҳрамони секаратаи Осиё – Ҷопон - барои бори панҷум соҳиби медалҳои нуқра гардид.
Барои ҷойи севум дастаҳои мунтахаби Узбакистон ва Ироқ рақобат карданд. Замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 4:4 хотима ёфт. Артур Юнусов ду гол, Даврон Чориев ва Илҳом Ҳамроев якголӣ ба самар расониданд. Дар задани силсилаи пеналтӣ дастаи Узбакистон бартарӣ нишон дод ва бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.
Ҳамин тариқ, мунтахаби Узбакистон барои чаҳорумин бор медалҳои биринҷии қаҳрамонии футзали Осиёро ба даст овард. Ба ҷуз медалҳои биринҷӣ, мунтахаби Узбакистон чаҳор бор бо медалҳои нуқра мукофотонида шудааст.
Мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё сар аз соли 1999 барои бори 15-ум барпо гардид. Танҳо ду дастаи мунтахаб - Эрон ва Ҷопон - ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд. Эрон 12 бор ва Ҷопон 3 бор бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамони футзали Осиё дар Тайбэйи Чин дар гурӯҳи “В” бо 3 имтиёз ҷойи севумро гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуд. Мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев дар ду бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё аз тимҳои миллии Ҷопон ва Узбакистон бо ҳисоби якхелаи 2:4 шикаст хӯрда, дастаи Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод.
Дар гурӯҳи “В” мунтахаби Ҷопон, ки дар ҳарсе бозиаш ғолиб омад, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Дастаи Узбакистон бо 6 имтиёз дувум шуд. Ҳарду даста – Ҷопон ва Узбакистон - ба чорякфинал баромаданд.
Бояд тазаккур дод, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё ҳамагӣ даҳ бор иштирок кардааст (солҳои 2001, 2005, 2006, 2007, 2008, 2010, 2012, 2014, 2016 ва 2018).
Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон ин роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2007 мебошад, ки дар Ҷопон барпо гардида буд.
Хукумат агар дар дасти як кас е як оила бошад кор хамин хел мешавад. Сархадбонро гирифта раиси бадахшон гузоштанд, холо хам дар сархад ноороми хам дар Бадахшон. Анна сиесати кадерии хукумат
Амрико бояд шахсоне, ки озодии матбуотро махдуд мекунанд ва хабарнигоронро хадафи хамла карор медиханд бояд тарним кунад. Тахти тарним бояд президент ва оилааш, тими ятимов ва рахимовро карор гирад. The US government need to take sanctions against those who limits the freedom of independent media a and puts the life of the journalists under threat . The list is including the present Rahmon and his family and also the team of Yatimov and Rahimov
силсилаи ҳаводис дар Бадахшон гувоҳи сатҳи пасти донишу касбияти кадрҳои Ҳукумати маркази мебошад, дигар сабабаш таъмин набудани адолату қонуният ва зиёдаравии сохторҳои қудрастӣ аст.
Дар Точикистон имруз хукумат тахти як хоноводаи бесавод амал карда истодааст. Ин хукумат дурбин нест чун стратегияи хукумрониро умуман намефахмад. Хатто сарфам намеравад ки газаб зарра бо зарра дар калби одамон чамъ шуда рузе меояд ин газаб аз чор тараф баромада чомеъа метаркад хама чизро зери пои худ пора пора мекунад. Окибат ба назар сахт ташвишовар мерасад.
Нав фахмиди, ки авлод бо бизнесхояш аз давлату миллат болотаранд?